Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Тоҷикматлубот ба тоҷирони эътирозгар


Масъулони Иттифоқи Тоҷикматлубот коршикании тоҷирони бозорҳои минтақаҳои Рашту Кӯлобро амали нодурусту ноҷо унвон карданд.

Бобохоҷа Гадоев, сардори шӯъбаи бозорҳои ин ниҳоди давлатӣ гуфт, Тоҷикматлубот қимати иҷорапулиро дар кулли бозорҳои кишвар бо мақсади пур кардани буҷаи давлат дар ҳаҷми 6 % афзоиш додааст, ки ин маблағи ночиз маҳсуб шуда, намебоист боиси эътирози тоҷирон мешуд. Ӯ гуфт, дар ҳоле ки қаблан тоҷирони бозорҳои Кӯлобу Рашт барои 1 метри мураббаъ дар як моҳ 60 сомонӣ пули иҷора медоданд, тибқи муқаррароти нав ин маблағ ба 84 сомонӣ баробар шудааст. Вай гуфт, ин маблағ барои тоҷироне, ки ҳар рӯз ба маблағи ҳангуфт мол фурӯхта, фоида ба даст меоранд, ночиз аст, ки кирои коршиканӣ намекунад.

Аммо тоҷирони бозорҳои марказии минтақаҳои Рашту Кӯлоб, ки ду рӯзи ахир бо эътироз аз афзоиши нархи ҷои фурӯш даст ба коршиканӣ задаанд, мегӯянд, 30 дарсад афзоиш ёфтани қиммати ҷойи фурӯш дар ҳоле, ки бар асари бӯҳрони молӣ дар чанд моҳи ахир даромади онҳо аз тиҷорат ба маротиб коҳиш ёфтааст, онҳоро водор ба коршиканӣ кардааст. Қиёмиддин ном тоҷири бозори марказии Рашт гуфт, дар баробари иҷорапулӣ масрафҳои ӯ барои андозҳои мухталиф дар як моҳ то 500 сомониро ташкил медиҳад, ки фаъолияти тоҷириро мушкил ва камдаромад месозад.

Тоҷирони бозорҳои манотиқи Рашту Кӯлоб мегӯянд, то замоне, ки мақомот барои коҳиши қиммати иҷора иқдом накунанд, ба кор оғоз нахоҳанд кард. Масъулони Тоҷикматлубот мегӯянд, то ҳол дар робита ба коршикании тоҷирони бозорҳои минтақаҳои Кӯлобу Рашт ҳеҷ тадбир наандешидаанд.
XS
SM
MD
LG