Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати телефонии Раҳмон бо Аҳмадинажод


Маркази матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзи панҷшанбеи 29-уми январ миёни Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтугӯи телефонӣ баргузор шуд. Ҳамин манбаъ меафзояд, раисҷумҳури Эрон ваъдаи мусоидат ба рафъи бӯҳрони энержӣ дар Тоҷикистонро дода, гуфтааст, маводди сӯхт ва дигар маводи мавриди ниёзи аввалро ба Тоҷикистон хоҳад фиристод.

Ба иттилои ҳамин манбаъ, аснои сӯҳбат иҷрои тавофуқоти қаблӣ миёни Тоҷикистону Эрон ва суръат бахшидан ба раванди иҷрои тарҳҳои муштараки энержӣ дар Тоҷикистон низ баррасӣ шудааст. Мавзӯъи ҳамкориҳои амниятӣ ва низомӣ низ дар сӯҳбати телефонии сарони ду кишвар ҷой дошт ва ҷонибҳо тамосҳои доимии раҳбарони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии ду кишварро амри зарурӣ хондаанд.

Гуфтугӯи телефонии раҳбарони Эрону Тоҷикистонро як амали роиҷ ва ҷорӣ дар равобити миёни ду кишвари ҳамкор метавон хонд, агар замони ба вуқӯъ пайвастани онро ба назар нагирифт.

Ахиран, дар мулоқоти Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия ҳангоми мулоқоташ бо Ислом Каримов, раисҷумҳури Ӯзбакистон изҳор дошт, ки роҳи ҳалли масъалаи оби минтақа аз як масъалаи иқтисодӣ, шояд сиёсӣ шавад ва эҳтимоли роҳҳалҳои дигари хатарнок низ вуҷуд дорад.

Коршиносон мегӯянд, ин мавқеъгирии Русияву Узбакистон Тоҷикистонро нигарон кардааст. Зафари Сӯфӣ, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар ҳама ҳолат қабл аз ҳама ба Эрон муроҷиат мекунад, зеро қаробати ду кишвар ин заминаро барояш ҳамвор мекунанд. Оқои Сӯфӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар як вақт мехоҳад ба Маскаву Тошканд нишон диҳад, ки танҳо нест, аз сӯйи дигар бар он умед дорад, ки Маскав таҳти фишорҳои дипломатии Эрон мавқеашро дар қиболи Душанбе бознигарӣ мекунад.

Қаблан, Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия аз мавқеи Тошканд дар баробари истифодаи оби Осиёи Марказӣ пуштибонӣ кард. Ӯзбакистон мухолифи лоиҳаҳои энержии Тоҷикистону Қирғизистон, бахусус нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун ва Тӯхтагул аст. Тошканд мехоҳад, ки ҳамаи лоиҳаҳои энержии оби ин ду кишвар бо ӯ мувофиқат шаванд. Русия низ аз ин мавқеи Тошканд истиқбол кард.

Аммо ин рафтори Русияро Тоҷикистон «шубҳаомез» хонд ва коршиносон мегӯянд, миёни ду кишвар баҳси дипломатӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон як ёддошти эътирозӣ ба сафорати Русия дар ин кишвар фиристод. Ва тибқи иттилоъи расонаҳо, мулоқоти кории раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Русия Дмитрий Медведев , ки бояд ду рӯз қабл аз ҷаласаҳои сарони кишварҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ё ЕврАзЕС дар Маскав сурат мегирифт, зери суол аст.

Коршиносон ба ёд меоранд, ки Тоҷикистон соли гузашта низ ҳамчунин як мушкилеро дар зимистони шадид бо Ӯзбакистон дошт, аммо он замон ҳам на ба шарики стратегиаш Русия, балки ба Эрон муроҷиат кард. Онҳо мегӯянд, соли гузашта дар замони бӯҳрони энержии Тоҷикистон Русия намудор набуд, аммо имсол баъд аз изҳороти раисҷумҳури он дар Тошканд Душанбе воқеан аз вазъи мазкур нигарон шудааст.

Шокирҷон Ҳакимов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, дар изҳороти оқои Медведев воқеан як таҳдид мушоҳида мешавад, ки дар ҳоли сар нафаровардани Душанбеву Бишкек ба шарти Тошканду Маскав роҳҳалли хатарнок низ дар назар аст. Вай афзуд, бо ин вуҷуд вақте Эрон дар мухолифатҳояш бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯйи барномаи ҳастаӣ, ҷанги Ироқу Афғонистон ва дигар масоили ҷаҳонӣ Русияро шарики худ медонад, дар ҳоли пеш омадани интихоб бо Русия хоҳад буд.

Бо ин вуҷуд, коршиносон мегӯянд, ихтилофҳои миёни Тоҷикистон аз як сӯ ва Русияву Ӯзбакистон аз сӯйи дигар ба он марҳалае нахоҳанд расид, ки зарурати дахолати Эрон пеш ояд. Онҳо мегӯянд, дар нишасти сарони кишварҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ё ЕврАзЕС дар Маскав шояд мулоқоти сеҷонибаи ин кишварҳо сурат гирад ва тавофуқҳо низ ба даст оянд.
XS
SM
MD
LG