Пайвандҳои дастрасӣ

БТР ба дарё рафт


Имрӯз, 28 январ, як зиреҳпӯш (БТР)-и Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар дарёи Панҷ ғарқ шуда, ва дар натиҷа ронандаи он ҳалок шудааст.

Фармон Шарифов, додситони гарнизони ҳарбии Хоруғ гуфт, зиреҳпӯш ба ҳини ҳаракат дар роҳи Дарвоз-Хоруғ, дар маҳаллаи Кӯфоби ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ меравад. Аз саворони зиреҳпӯш феълан танҳо он маълум аст, ки ронандаи он, афсари Вазорати дифоъ Улуғбек Ғоибов ҳалок шудааст.

Фармон Шарифов гуфт, дар ҳоли ҳозир, як гурӯҳи махсуси иборат аз намояндагони гарнизони ҳарбии Хоруғ ва шӯъбаи умури дохилии Бадахшон сабабҳои ин ҳодисаро таҳқиқ дорад. Фарзияи аслӣ беэҳтиётии ронанда ба ҳини ҳаракат будааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG