Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корпартоии тоҷирон дар бозори Ғарм


Ҳудуди сад нафар тоҷир дар бозори марказии Ғарм бо эътироз аз афзоиши нархи ҷои фурӯш даст ба коршиканӣ задаанд.

Аксари тоҷирони ин бозор мегӯянд, бар асари бӯҳрони молӣ тайи чанд моҳи ахир тиҷорат ва даромади молии онҳо ба маротиб коҳиш ёфтааст ва дар ҳамин ҳол то 30 дарсад афзоиш ёфтани қиммати ҷойи фурӯш дар бозор онҳоро ба коршиканӣ водор кардааст. Онҳо меафзоянд, то дар ин робита чорае андешида нашавад, онҳо ба кор оғоз нахоҳанд кард.

Масъулини бозори марказии ноҳияи Ғарм мегӯянд, ки тасмими то 30 дарсад боло бурдани нархи иҷораи фурӯшгоҳҳо тибқи қарори «Тоҷикматлубот» гирифта шудааст ва чунин афзоиши нархҳо ҳарсола сурат мегирад.

Яке аз тоҷирон, ки худро Қиёмиддин муаррифӣ кард, мегӯяд, дар баробари иҷорапулӣ масрафҳои ӯ барои андозҳои мухталиф дар як моҳ то 500 сомониро ташкил медиҳад, ки фаъолияти тоҷириро мушкил ва камдаромад месозад.

Дар робита ба корпартоӣ дар бозори марказии ноҳия то ба ҳол мақомоти марбутаи расмӣ вокунише нишон надодаанд.

XS
SM
MD
LG