Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси амволи сирқатшуда аз буҷа


Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат гуфт, ҳудуди 80 миллион сомонӣ аз буҷаи давлат аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ғайриқонунӣ аз худ карда шудааст.

Аммо Шерхон Салимзода, раиси оҷонси мубориза алайҳи фасод ва назорати амволи давлатӣ, дар барқарор ё баргардондани маблағҳои буҷа фаъолияти ин оҷонсро муваффақ хонд. Вай имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, "дар соли 2008 ҳудуди 33 миллион сомонӣ амволи сирқатшуда аз буҷа аз сӯи кормандони ниҳодҳои давлатӣ ба буҷа баргардонида шудааст. Ва ҳудуди 17 миллион сомонӣ андозҳои носупорида ошкор шуд, ки 8 миллионаш ба буҷа баргардонида шуд".

Аммо Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, ба ин иддаоҳо розӣ нест. Вай кормандони оҷонси мубориза алайҳи фасод ва назорати амволи давлатиро дар нотавонӣ муттаҳам кард. Вай гуфт, "оҷонси мубориза алайҳи фасод аз уҳдаи тафтишоти сирқати пули буҷа баромада натавонистааст. Парвандаҳои ҷиноии бозшуда бар сари 1 миллион сомонӣ ба додгоҳ нарасидааст ва бархе аз ин парвандаҳо лағв шудааст".

Дар робита ба ин масъала хабарнигорон дар ин нишасти хабарӣ мавзуи кадрҳо ва ҳирфаӣ будани онҳо дар ин оҷонсро матраҳ карданд, ки оё кормандони ин оҷонс аз уҳдаи баррасии ҳолатҳои сирқати пули буҷа ва ифшои фасод бархурдоранд, ё не.

Оқои Салимзода дар посух ба ин суол гуфт, «мо 500 нафар коргар дорем. 80 дарсади кормандони фаврӣ ва 100 дарсади муфаттишон маълумоти ҳуқуқшиносӣ доранд, дигарон - маълумоти иқтисодӣ. Ва мо дар баррасии ҷиноёт ва сирқати амволи давлатӣ мушкил надорем».

Ба эътиқоди Раҳматулло Валиев, коршиноси иқтисод, мушкили аслӣ марбут ба кадрҳо ва тавони онҳо нест, балки ин мушкил ба ихтиёроти ин оҷонс рабт дорад, ки таҳти контроли раисҷумҳур аст ва тавони дастрасӣ ба ҳамаи ниҳодҳоро надорад.

Оқои Валиев гуфт, «намояндаҳои президент дар маҳалҳо аз пуштибонии раисҷумҳур бархурдоранд ва оҷонс дар баррасии фаъолияти онҳо дасткутоҳ аст. Агар хоҳем бо фасод муборизаи шадид барем, ба ин оҷонс ихтиёроти бештар додан зарур аст».

Аммо дар ин робита Шерхон Салимзода мегӯяд, «мо ба ихтиёроти зиёдатӣ ниёз надорем, зеро мо ба раисҷумҳур ҳисобот медиҳем».

Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши ахири созмони байнулмилалии «Транспаренси Интернешнл», фасод дар миёни мақомоти амниятӣ, интизомӣ ва додгоҳ тавсеа пайдо кардааст.

Раиси оҷонси мубориза алайҳи фасод ва назорати амволи давлатӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки вазирону раисони идораҳои давлатӣ аз кормандони оҷонс ҳарос доранд. Вай инро муваффақият алайҳи фасод номид ва гуфт, бар асоси фаъолияти ғайриқонунии қозии додгоҳ ва як тан аз раҳбарони идораи ноҳиявии вазорати корҳои дохила парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Ба эътиқоди Раҳматулло Валиев -коршиноси иқтисод ва Шодӣ Шабдолов – узви Маҷлиси Олӣ, дасти оҷонси мубориза алайҳи фасод барои расидан ба вазиру муовин ва роҳбарони вилояту ноҳияҳо кутоҳ аст.

XS
SM
MD
LG