Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи илмӣ барои роҳ надодан ба гуруснагӣ


Пажӯҳишгоҳи генетика ва физиологияи рустаниҳо мехоҳад бо иҷрои тарҳе ба кишоварзони тоҷик кӯмак кунад, ки солҳои ахир наметавонанд, ҳосили дилхоҳи картошка бигиранд.

Олимони тоҷик мегӯянд, дар Тоҷикистони камзамин, ки баъзан хонаводаҳои барои қитъаи хурде аз он ҷангу ҷанҷол мекунанд, бояд кӯшид то аз ҳар зироат ҳосили баланд бардошта шавад, дар акси ҳол кишвар дар роҳи таъмини амнияти ғизоии худ мушкил хоҳад дошт. Як ҳадаф аз тарҳи Пажӯҳишгоҳи Генетика ва физиологияи рустаниҳо ҳам ин будааст, ки бо офаридани тухмии аълосифати картошка ҳосили ин навъи зироати серхардиор дар кишварро афзоиш дода шавад.

Қурбон Алиев, профессори пажӯҳишгоҳи мазкур дар як посухи катбӣ ба Маҷаллаи Илму Фанноварӣ гуфт, ҳосили ками картошка ва ё себзаминӣ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама ба иллати набуди тухмии маҳаллии серҳосили тобовар ба ҳавои номуносиб ба таъсири ҳавои маҳал, усулҳои номуносиби зироатпарварӣ, бемориҳои вирусӣ ва бактериявӣ мебошад. Қурбон Алиев мегӯяд, аксарияти навъҳои картошкае, ки дар Тоҷикистон мепарваранд, ба тағйироти муҳити зист, аз ҷумла ғубори зиёд, ҳарорати баланд ва замини шӯразада созугор наомаданд. Олими тоҷик мегӯяд, чун картошкапарварӣ яке аз арсаҳои муҳими кишоварзии Тоҷикистон аст, онҳо қасд доранд, пеш аз ҳама бо усулҳои биотехноложӣ пойгоҳи мустаҳками тавлиди тухмии хушсифати картошкаро ба вуҷуд доранд. Онгуна ки медонем мардуми тоҷик бисёре аз ғизоҳои худро бо картошка таҳия мекунанд ва ин яке аз маводи ғизоии асли мардум дар кишвар ба ҳисоб меравад ва солҳои ахир истеъмоли он ба таври чашмгир афзудааст. Аммо дар айни ҳол кишоварзони тоҷик ба ҳадди миёна аз ҳар гектар танҳо аз 17 то 18 тонна ҳосил ҷамъ мегиранд, ки ин тақозои аҳолиро бароварда намесозад.

Қурбон Алиев ба Маҷаллаи Илм ва Фанноварии Радиои Озодӣ навиштааст, дар бисёре аз навоҳии Тоҷикистон кишоварзон аз мазраъаҳои худ ҳосили ками картошка ба даст меоранд, ё бинобар тухмии бесифат ва ё ба сабаби бемориҳои рустанӣ қисми зиёди ҳосилро аз даст медиҳанд, ки ин ҳама дар ниҳоят ба табоҳшавии тухмии картошка мерасонад. Қурбон Алиев – мудири озмоишгоҳи биологияи ҳуҷайравӣ ва наслсозии Пажӯҳишгоҳи генетика ва физиологияи рустаниҳои Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон мегӯяд, бо назардошти ин ҳама омилҳо, донишмандони пажӯҳишгоҳ ҳадаф доранд, то пойгоҳи мустаҳками тавлиди картошкаи хушсифати тухмиеро таъсис диҳанд, ки он тухмӣ ба таъсироти абиотикӣ ва ё ғайрипаразитӣ аз қабили таъсири ҳарорат хушксолӣ ва шӯршавӣ тобовар бошад.
Қурбон Алиев мегӯяд, бар асоси таҷрибаҳои озмоишгоҳӣ ва полезӣ бо усулҳои биотехноложӣ нақшаи парвариши тухмии хушсифати картошка офарида мешавад. Барои парвариши 1000 тонна тухмии ба қавли донишмандон “элита” 10 ҳазор рустании солим дар пробирка ва ё лӯлаҳои озмоишӣ дар шароити озмоишгоҳӣ парвариш шуда ва сипас дар полез кошта мешавад, то аз онҳо тухмии аълосифати картошка ба даст биёяд. Барои расидан ба ин ҳадаф, донишмандони тоҷик бо ду усули илмӣ тухмии картошкаро дар шароити озмоишгоҳӣ аз вирус ва дигар омилҳои беморизо пок мекунанд. Ин тухмиҳои солим то чаҳор ва ё панҷ сол ҳосилнокии баланди худро гум намекунанд ва назар ба тухмиҳои маъмулӣ аз 30 то 40 дар сад ҳосили бештар медиҳад.

Ба гуфтаи Қурбон Алиев, то кунун бо усулҳои биотехноложӣ тухмиҳои серҳосили картошкае ба даст оварда шудааст, ки ба омилҳои таъсиргузори муҳит тобовар ҳастанд. Қурбон Алиев ба ин бовар аст, ки тухмиҳои нави серҳосилу тобовар ба муҳиту бемориҳову зиёнрасонҳо ва серғизо ба афзоиши ҳосили картошка дар Тоҷикистон ва ҳалли мушкили амнияти ғизоӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Аммо ҳанӯз ин тарҳи муҳими донишмандони тоҷик дар баррассии шӯрои Маркази байналмилалиии илмӣ техникӣ қарор дорад. Дар сурати сармоягузорӣ мегӯяд, Қурбон Алиев имкон пайдо хоҳад шуд, то бо усулҳои офаридаи пажӯҳишгоҳ дар хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон босуръат тухмиҳои солими картошка ба даст оварда шавад.
XS
SM
MD
LG