Яке аз маъруфтарин нависандагони муосири Амрико Ҷон Апдайк дар синни 76-солагӣ аз саратони шуш даргузашт. Вай барандаи қариб ҳамаи ҷоизаҳои машҳури адабӣ буда, ду дафъа Ҷоизаи Пулитсерро ба даст овардааст. Дар ҳоле ки аввалин асарашро дар соли 1950 ба нашр расонда буд, китоби охиринаш соли гузашта аз чоп баромад ва Апдайк беш аз 50 румон ба мерос гузоштааст.