Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои ҷилавгирӣ аз беқурбшавии сомонӣ


Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз беқурбшавии cомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ ҳаҷми пули миллиро дар бозори асъор коҳиш дода, як миқдор арзи хориҷиро ба фурӯш баровардааст.

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мегӯяд, бо ин ҳадаф ахиран ин бонк 100 миллион сомониро аз муомилот бароварда, 2 миллион долларро бо қурби 360-сомонӣ барои 100 доллар ба фурӯш гузоштааст. Оқои Раҳимзода меафзояд, ин иқдомот то андозае, аз поиншавии босуръати сомонӣ дар баробари доллар ва дигар арзҳои хориҷӣ ҷилавгирӣ кардааст.

Оқои Раҳимзода иллати поиншавии якбораи сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷиро ба бӯҳрони молиявӣ рабт дод. Вай гуфт, феълан ба ҷуз сомонӣ қурби пулҳои кишварҳои дигар низ дар баробари доллар коҳиш меёбанд.

Ба қавли вай, бар асари бӯҳрони молиявӣ 50 дарсад поин рафтани қимати пахтаву алюминиюм ду ашёи аслии содироти Тоҷикистон ва коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирон дар зимистон воридоти доллари нақд ба бозори асъори кишвар 180 боис ба гарон шудани қимати доллар дар баробари сомонӣ шудааст.

Раиси Бонки миллӣ мегӯяд, бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон аз имкони пардохтпазирӣ бархурдоранд ва ҳангоми пешниҳоди 2 миллион доллари нақд аз сӯи Бонки миллӣ барои коҳиши қурби доллар дар баробари сомонӣ онҳо фақат 57 ҳазор долларро харидорӣ кардаанд. Ба қавли оқои Раҳимзода, бонкҳои тиҷоратӣ аз харидории доллар ба далели ҳарос аз коҳиш ёфтани қурби он худдорӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки куллия бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба камбуди доллари амрикоӣ мувоҷеҳанд ва наметавонанд бо доллари нақд муомилот анҷом диҳанд. Бонкҳо ва нуқтаҳои саррофии Душанбе бо ин вуҷуд, ки қимати сад доллари амрикоиро 370 сомонӣ муайян карданд, аз ивази доллар ба сомонӣ худдорӣ мекунанд. Аммо раиси Бонки миллӣ афзуд, захираи арзу тиллои Тоҷикистон, ки феълан 198 миллион долларро ташкил медиҳад, барои нигоҳ доштани қурби сомонӣ кифоят мекунад. Ин дар ҳолест, ки қаблан худи Шариф Раҳимзода гуфта буд, имконоти бонки миллӣ ба далели камбуди захоири арзу тилло барои ҷилавгирӣ аз поиншавии қурби сомонӣ дар баробари доллар маҳдуд аст.

Дар ҳамин ҳол, Шариф Раҳимзода аз анҷоми аудити Бонки миллӣ, ки аз сӯи ширкати бритониёии «Ernst and Yarng» иттилоъ дод, аммо ӯ ба далели ҳанӯз ошно набудан бо натоиҷи ин тафтишот аз ироаи тафсилоти ин мавзуъ худдорӣ кард. Вай гуфт, натоиҷи тафтишоти молӣ ояндаи наздик баъд аз нишасти Бонки миллӣ бо намояндагони Сандуқи байнулмиллалии пул ошкор хоҳад шуд.

Оқои Раҳимзода ҳамчунин афзуд, ки Бонки миллӣ худуди 300 миллион долар қарзҳои созмонҳои байнулмилалии молӣ, монанди «Дойчебанк»-и Олмон ва бонки қазоқии «Казкомерсбанк»-ро баргардонидааст. Ҳамчунон вай иттилоъ дод, ки Бонки миллӣ қисмати аъзами қарзи Сандуқи байнулмилалии пул, ҳудуди 30 миллион долларро баргардонидааст ва қисмати боқиро ояндаи наздик адо мекунад.

XS
SM
MD
LG