Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расул Боқиев - дар байни беҳтаринҳо


Паҳлавони тоҷик Расул Боқиев дар рейтинг ё феҳристи навини Федеросиюни байнулмилалии дзюдо дар вазни то 73 кг байни панҷ нафар беҳтарин гуштигирони ҷаҳон ҷойгир шуд.

Ба ин феҳрист, ки дар вазни то 73 кг 106 нафар гуштигирон дохил шудаанд, қаҳрамони Олимпиадаи Пекин ва барандаи медали нуқраи сабқати ҷаҳонӣ Элнур Маммедлии озарӣ бо 173 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. Қаҳрамони Аврупо Ван Тичелт Дирк, аз Белгия, бо 117 имтиёз ҷои дуввум, қаҳрамони феълии ҷаҳон ва барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин Ки Чун Ванг, аз Куриёи Ҷанубӣ, бо 83 имтиёз ҷои севумро касб кардаанд. Барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин Леандро Гуилҳейрои бразилӣ бо 80 имтиёз чаҳорум аст.

Паҳлавони тоҷик Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, бо 69 имтиёз дар ҷои панҷум қарор гирифтааст. Воқеъан, Расул Боқиев дар Олимпиадаи Пекин дар сабқати гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг дар даври ниманиҳоӣ аз Ки Чун Ванг мағлуб гардида, барои ҷои севум Ван Тичелт Диркро шикаст дода буд.

Расул Боқиев дар ҳамин ҳол дар шаҳри Маскави Русия таҳти раҳбарии устодаш Владимир Елчанинов тамрин карда, ба Суперкубок ё Ҷоми олии ҷаҳонии дзюдо, ки баъди ду ҳафта дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор хоҳад шуд, омодагӣ мебинад. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа гуштигирон барои ба даст овардани холҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 талош хоҳанд кард.

Ба феҳристи навини Федеросиюни байнулмилалии дзюдо, ки то 1-уми майи соли 2009 эътибор дорад, инчунин, се гуштигири дигари тоҷик Ҷамшед Холиқов, Шералӣ Бозоров ва Неъматуллоҳ Асронқулов дохил шудаанд.
XS
SM
MD
LG