Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солана ба Ховари Миёна сафар мекунад


Ҳавиер Солана, раҳбари бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба хотири ҳамроҳ шудан ба талошҳои байналмилалӣ барои дастёбӣ ба оштӣ миёни Исроил ва гурӯҳи ҲАМОС ба Ховари Миёна сафар мекунад. Интизор меравад, ки ӯ рӯзи чаҳоршанбе бо фиристодаи вижаи раисиҷумҳури ИМА дар Ховари Миёна Ҷорҷ Митчел дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.

Фардо раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак дар Қоҳира мавзӯъи оштӣ миёни Исроил ва ҲАМОС-ро бо намояндагони воломақоми Итиҳодияи Аврупо баррасӣ хоҳад кард. Брюссел барои ироаи кумакҳои башарӣ ба мардуми навори Ғаза, ки аз амалиёти низомии Исроил зарар дидаанд, 74 миллион доллар ҷудо кардааст.
XS
SM
MD
LG