Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА: "Муҷоҳиддини халқ" гурӯҳи террористӣ нест


Иттиҳодияи Аврупо (ИА) гурӯҳи “Муҷоҳиддини халқ”– ниҳоди мухолифи ҳукумати Эронро аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард. Ин тасмим ба думболи ҳукми додгоҳҳои аврупоӣ гирифта шуд, ки далелҳои фаъолияти террористии ин гурӯҳро нокофӣ хонданд. Интизор меравад, ки тасмими ахир дар равобити миёни ИА ва Эрон мушкили нав эҷод кунад. Гурӯҳи “Муҷоҳиддини халқ”, ки берун аз қаламрави Эрон фаъолият мекунад, соли 2001-ум дар мавриди даст бардоштан аз хушунат тасмим гирифта буд. Дар ИМА ин гурӯҳ то ҳол ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил аст.
XS
SM
MD
LG