Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи парванда алайҳи ду раҳбари мухолифин


Мақомоти Қирғизистон алайҳи ду раҳбари аҳзоби мухолиф парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ба иттилоъи вазорати умури дохила, раҳбари ҳизби “Ота Макон” Омурбек Текебоев дар ғайриқонунӣ сохтани силоҳ гумонбар мешавад. Қаблан кормандони полис аз Текебоев як милтиқи шикориро мусодира карда буданд. Раҳбари ҷунбиши “Барои адолат” Алибек Ҷекшенқулов бошад дар сӯиистифода аз мақом айбдор мешавад.

Омурбек Текебоев ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ - намоишгари фишори ҳукумат болои аҳзоби мухолиф аст.

XS
SM
MD
LG