Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин мурофиа дар Додгоҳи ҷиноёти низомӣ


Дар Гаага аввалин мурофиа дар Додгоҳи байналмиллалии ҷиноӣ, нахустин додгоҳ оид ба ҷиноёти низомӣ, баргузор мешавад. Қарор аст додгоҳ парвандаи раҳбари ошӯбгарони Конго Томас Лубангаро бозрасӣ кунад. Лубанга дар он айбдор мешавад, ки кудакони даҳсоларо ба хизмати низомӣ даъват карда буд. Раҳбари ошӯбгарони Конго ин иттиҳомро рад мекунад.

Додгоҳи байнулмилалӣ оид ба ҷиноёти низомӣ соли 2002 таъсис шуда буд ва, тибқи ойиннома, бояд ба таври ҳамешагӣ фаъолият намояд. Чанд кишвар – Чин, Русия, Исроил, Ҳиндустон, Покистон ва ИМА аз ширкат дар кори ин додгоҳ сарпечӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG