Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор дар Дараи Исмоилхон


Бар асари таркиш дар шаҳри Дараи Исмоилхони Покистон, воқеъ дар марзи Афғонистон, дасти кам 5 кас кушта ва чандин нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, дар хиёбони марказии шаҳр бомбе мунфаҷир шуд, ки афроди номаълум дар як дучарха гузошта буданд. Ҳанӯз маълум нест, ки ҳадафи ҳамла кӣ буд. Соли гузашта дар ин шаҳр миёни сунниҳо ва шиаҳо даргириҳо ба вуқӯъ пайваста буданд. Дар бархе мавзеъҳои ин минтақа ҳамчунин мусаллаҳони созмони “Ал-Қоида” ва ҷунбиши “Толибон” паноҳгоҳ ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG