Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиҷрати 150 оила аз Помир ба Данғара


150 хонавода аз шаҳру рустои Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кӯчонида шуданд. Хабаргузории "Авесто", ба нақл аз раиси ин ноҳия Маҳмадулло Саидалиев гуфтааст, барои муҳоҷирони довталаб дар минтақаи Лолазори ноҳия чанд ҳектор замин ҷудо шудааст. Таҷрибаҳои кӯчонидани аҳолӣ аз манотиқи душворгузари кӯҳистонӣ ба водиҳо солҳои охир натиҷа надодааст. Аксари онҳое, ки ба ҷануб ва ғарби кишвар кӯчонида шуданд, дубора ба маҳалҳои пешини зиндагии худ баргаштаанд.
XS
SM
MD
LG