Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишномаи ҳастаии Қазоқистон ва Ҳинд


Ҳинду Қазоқистон созишномаи ҳастаии ғайринизомиро ба имзо расониданд, ки аз Остона тақозо мекунад корхонаҳои ҳастаии Ҳиндро бо сӯхти атомӣ таъмин кунад. Дар ин замина рӯзи шанбе дар ҷараёни боздиди раиси ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Деҳлии Нав дар миёни Корпоратсияи нирӯи ҳастии Ҳинд ва КазАтомПром як ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Қазоқистон дорои дуюмин захираҳои ғании ураниум дар ҷаҳон мебошад.
XS
SM
MD
LG