Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон боздошт шуданд


Рӯзи ҷумъа марзбонони Қирғизистон чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро барои убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон боздошт карданд. Саидҷон Эратов-фармондеҳи посгоҳи марзии Тортгули ин кишвар ба бахши Қирғизии радиои Озодӣ гуфт, шаш нафар шаҳрвандони Тоҷикистон мехостаанд ғайриқонунӣ аз марз бигзаранд ва ба ҳушдори марзбонони Қирғизистон беэътиноӣ нишон додаанд. Баъд аз гузаштан ба хоки Қирғизистон марзбонон чаҳор нафари онҳоро боздошт кардаанд. Бисёре аз қисматҳои марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон аз сӯи марзбонон ҳимоят намешавад ва гаҳ-гоҳе убури ғайриқонунии шаҳрвандон ба мушоҳида мерасад.
XS
SM
MD
LG