Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба хобгоҳи мардикорони тоҷик


Фаррух Шарифов, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, хабари ҳамла ба хобгоҳи тоҷикҳоро тасдиқ кард.

Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ навиштаи хабаргузории маҳаллии "УралПолит.RU" дар бораи муноқишаи миёни шаҳрвандони Тоҷикистон дар яке аз хобгоҳҳо дар ноҳияи Орҷеникидзеи шаҳри Екатеринбургро рад кард.

Шарифов гуфт, моҷаро миёни муҳоҷирони тоҷик рух надодааст, балки ҳудуди 20 нафар аз сокинони маҳаллии атрофи хобгоҳ ба иқоматкунандагони хобгоҳ ҳамла бурдаанд ва як нафар бо таппончаи пневматикӣ шаҳрванди Тоҷикистон Сафаров Сироҷиддинро аз қафаси синааш захмӣ кардааст.

Консули генералии Тоҷикистон қазияро чунин шарҳ дод: «Ин ҳодиса дар натиҷаи як моҷаро байни муҳоҷирони кории тоҷик ва шаҳрвандони Русия рух додааст, ки онҳо дар як хобгоҳ дар шаҳри Екатеринбург зиндагӣ мекунанд. Шаби 11-уми январ мардикорони тоҷик, ки яке аз онҳо бо номи Давронов Искандар ҳамроҳи оила ва тифли хурдсол дар ин хобгоҳ ба сар мебарад, аз ҳамсояи руси худ, ки дар дершаб бо садои баланд мусиқӣ гуш мекардааст, хоҳиш мекунанд, ки садои мусиқиро пасттар кунад. Шаҳрванди Русия дар ҷавоб онҳоро дашном медиҳад. Бегоҳи рӯзи дигар як гурӯҳ аз сокинони маҳаллӣ дар даст чӯбу тахтаҳо ба муҳоҷирони кории тоҷик дар хобгоҳи мазкур ҳуҷум мекунанд. Яке аз онҳо, ки бо таппончаи пневматикӣ мусаллаҳ будааст, тир холӣ мекунад ва шаҳрванди Тоҷикистон Сафаров Сироҷиддинро захмӣ мекунад».

Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирони кории тоҷик дар робита ба ҳодиса ба милитсия муроҷиат кардаанд ва кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Орҷоникидзеи Екатеринбург ин гурӯҳро боздошт намуда, баъдан шаш нафари онҳоро бо забонхат озод намудаанд. Ду нафари дигар ҳоло дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешаванд. Шарифов афзуд, «мо бо сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ин ноҳия вохӯрдем ва, ба гуфтаи ӯ, дар ин робита парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст».

Консули Тоҷикистон дар Екатеринбург мегӯяд, дар ин моҷаро касе кушта нашудааст ва Сафаров баъд аз ҷарроҳӣ ҳоло аз бемористон рухсат шудааст.
XS
SM
MD
LG