Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин дидори Медведев аз Тошканд


Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев
Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев

Рӯзи 22 январ раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бо нахустин сафари расмӣ вориди Тошканд - пойтахти Узбакистон шуд.

Интизор меравад дар ин сафар раисҷумҳури Русия бо ҳамтои узбаки худ Ислом Каримов ва мақомоти ин кишвар ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла сармоягузорӣ ба ин кишвари саршор аз гази табииро баррасӣ кунад. Вале бисёре аз таҳлилгарон тахмин мезананд, ки дар мулоқоти Медведев ва Каримов баррасии мушкилоти сиёсӣ бартарӣ пайдо хоҳад кард, ки Тошканд дар ин авохир дубора худро ба бағали Ғарб андохтанист.

Мақомоти Маскав ва Тошканд аз шарҳи мавзуи мулоқоти Дмитрий Медведев ва Ислом Каримов дар нахустин сафари давлатии раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба Узбакистон худдорӣ мекунанд. Расонаҳои хабарии ин кишварҳо ҳамчунин таҳлилгарон тахмин мекунанд, ки мавзуи аслии мулоқоти президентҳои Русия ва Узбакистон дар Тошканд масоили энержӣ, муҳоҷират ва ҳузури Узбакистон дар созмонҳои минтақавии таҳти нуфузи Русия хоҳад буд. Зеро Узбакистон яке аз кишварҳои саршор аз захоири маводи сӯхт дар Осиёи Марказӣ аст ва низ бо 27 миллион нуфус кишвари сераҳолии минтақа мебошад. Дар ин кишвар, ки зери замини он захираи бузурги гази минтақа нуҳуфтааст, ширкатҳои бузурги Русия мисли «Газпром» ва «Лукойл» дар ин бахшии энержии Узбакистон сармоягузорони аслӣ унвон мешаванд.

Владимир Симаков, намояндаи ширкати «Лукойл» ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин сафари дурӯзаи президент Медведев ба Тошканд, ҳамкориҳои дуҷониба дар барномаҳои кашфу истихроҷи гази табиӣ баррасӣ хоҳад шуд. Ба қавли Симаков, ширкати «Лукойл» чанде қабл бо Узбакистон дар мавриди анҷоми корҳои кашшофии гази табиӣ созишномаи дарозмуддат ба имзо расондааст. Узбакистон дар фаъолияти ширкати «Лукойл» аҳамияти стротежик дорад. Зеро ин ширкат Узбакистон барномаҳои бузурги сармоягузорӣ дорад, ки дар маҷмӯъ баробар ба чанд миллиард доллар аст.

Аммо гумон аст, ки Маскав Тошкандро чун ҳамкори боэътимоди худ бипазирад. Зеро дар тӯли соли гузашта Узбакистон дубора роҳҳои наздик шудан ба Ғарбро меҷӯст. Муносибати Тошканд бо Амрико ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2005 пас ҳаводиси Андиҷон ба сардӣ гароид, ки Узбакистон таҳқиқи мустақили ин ҳодисаҳоро иҷоза надод. Ба дунболи он Иттиҳодияи Аврупо дар муқобили Тошканд таҳрим эълон кард. Дар ҷавоб Узбакситон рӯ ба сӯи Русия оварда, пойгоҳи низомии ИМА дар Хонободро баст ва ба чанд созмони минтақавие, аз ҷумла Иттиҳодияи иқтисодии ЕврАзЭС, Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ пайваст, ки ин созмонҳоро аслан таҳти нуфузи Русия унвон мекунанд. Ҳамчунон Ӯзбакистон барои ширкатҳои русӣ тарҳҳои сармоягузории сердаромадро пешниҳод кард. Вале чун Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи октябри соли гузашта таҳрими худ дар муқобили Тошкандро лағв кард, дар посух Узбакистон аз Иттиҳодияи иқтисодии ЕврАзЭС хориҷ шуд.

Консатантин Затулин, намояндаи думаи давлатии Русия, мегӯяд, президент Ислом Каримов ғайри қобили пешбинист, ки кӯшиши бозӣ бо Русия ва дар айни замон нарм сохтани муносиботи худ бо Ғарбро дорад. Ба қавли ӯ, Маскав бо таваҷҷӯҳ бо сиёсати хориҷии пурпечутоби Узбакистон мехоҳад барои худ кашф кунад, ки то кадом андоза ба Тошканд чун ба шарики стратегӣ мешавад эътимод баст. Оқои Затулин ҳамчунин бар ин аст, ки Медведев дар сафари Тошканд мехоҳад сабаби хориҷ шудани Узбакситон аз Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро ташхис намояд.

Дар ҳамини ҳол Ҷеймс Никсӣ, коршиноси барномаи Русия ва Авруосиё дар муассисаи таҳқиқотии «Чатам Ҳауз», ки мақараш дар Лондон аст, мегӯяд, шояд Маскав мехоҳад дарёфт кунад, ки мавқеи ояндаи Узбакситон ба дигар созмонҳои минтақавӣ, ба вижа Паймони амнияти дастаҷамъӣ, чӣ гуна аст. Мансабдорони узбак ҳамеша ишорат мекунанд, ки Узбакистон як кишвари мутмаин ба нерӯи худ аст ва дар қиёс бо ҳамсояҳои худ, назири Тоҷикистону Қирғизистон, ниёзи зиёд ба дигар кишварҳо надорад. Аммо дар асл Узбакистон ба Русия ва ҳамсоякишварҳои худ сахт ниёз дорад. Барои дарёфти роҳ ба хориҷ аз ҳамсояҳои худ вобастагӣ дорад. Бар изофа захоири оби Тоҷикистону Қиғизистон як манбаи аслии ҳаёти ин кишвар аст. Ҳудуди шаш миллион нафар шаҳрванди Узбакистон дар Русия муҳоҷири корӣ аст. Дар ҳоле, ки Маскав дар гузашта собит карда буд, ки метавонад масълаи муҳоҷиратро ба сифати як воситаи фишори сиёсиву иқтисодӣ дар муқобили дигар кишварҳо истифода барад.

Ва ба қавли оқои Никсӣ, Ғарб низ ба эътимоди Узбакистон бо шубҳа менигарад. Вай меафзояд, гумон аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дубора пойгоҳи низомии худро дар Хонободи Узбакистон мустақар гардонад. Шояд Иёлоти Муттаҳида дар ҷои дигар пойгоҳи низомӣ бунёд кунад. Ба назар мерасад, ки ИМА дар ҷустуҷӯи минтақае ҷиҳати бунёди пойгоҳи низомӣ ҳаст, аммо ин кишвар Узбакистон нахоҳад буд. Зеро амрико ба Узбакистон эътимод надорад. Ҳарчанд Узбакистон бо Афғонистон наздикӣ ва марзи муштарак дорад, вале дар мавриди пойгоҳи низомӣ Амрико ба дигар кишвар чашм медӯзад.

Дар ҳамин ҳол аксари таҳлилгарон дар Маскав ва ҳам Тошканд бар инанд, ки мавзуи аслии сӯҳбати Медведев ва Каримов дар сафари Тошканд пӯшида хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG