Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари бобарори Дэвид Петреус ба Осиёи Марказӣ


Генерал Дэвид Петреус, раиси Ситоди Марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА хабар дод, ки Амрико бо Русия ва кишварҳои Осиёи Марказй дар мавриди роҳҳои нави ҳамлу нақли муҳимоти низомӣ барои низомиёни амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон ба тавофуқ расидааст. Ӯ дар нишасти хабарӣ дар Исломобод гуфт, ки сарони Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба интиқоли муҳимоти низомӣ аз тариқи қаламравҳояшон розӣ шуданд. Ағлаби муҳимоти зарурӣ барои артиши НАТО ва Амрико дар Афғонистон тавассути Покистон мерасад, ва аммо замони ахир, бино ба гуфтаҳои Петреус, дар қаламрави Покистон ҳамла ба корвонҳои мошинҳои ҳомили бор барои нерӯҳои байнулмилалӣ афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG