Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оилаи Ризоевҳо ва ислоҳоти додгоҳҳои Тоҷикистон


Меҳрӣ Ризоева ва шавҳараш Ҳоҷӣ Саид Ризоевро ба Додгоҳи олии Тоҷикистон норизоиятӣ аз қарори додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ овардааст. Онҳо аз он шикоят доранд, ки додгоҳ фарзанди онҳо Суннатулло Ризоевро бо иттиҳоми даст доштан дар куштори як нафар ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст. Хонум Ризоева мегӯяд, дар раванди баррасии додгоҳӣ шоҳидони асли воқеа ширкат надоштаанд ва ҳарфи шоҳидоне, ки ба нафъи фарзанди ӯ гуфта шуда буданд, ба эътибор гирифта нашудааст. Онҳо мегӯянд, ҳатто падари фавтида гуфтааст, ки аз писарашон домангир нест. Инро ҳам ба эътибор нагирифтаанд. Ҳоҷӣ Саид Ризоев меафзояд, фарзанди ӯро бо латукӯб водор намудаанд, ки гуноҳашро ба зимма гирад.

Оилаи Ризоевҳо аз ҳукми, ба таъбири онҳо, ғайримунсифонаи додгоҳҳо шикоят мекунанд. Тибқи иттилоъи Додгоҳи олии Тоҷикистон, соли равон ҳудуди 2,5 ҳазор шикояти шаҳрвандон ба додгоҳ расидааст. Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи муқаррароти қонунҳои кишвар шаҳрвандони норизо аз ҳукми додгоҳҳо метавонанд ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кунанд ва ин ҷо ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид.

Ислоҳоти сохтори додгоҳии Тоҷикистонро ҳукумати ин кишвар ҳанӯз соли 2006 оғоз карда буд ва он дар чанд марҳала татбиқ мешавад. Марҳалаи аввали он соли гузашта ба итмом расида ва марҳалаи дуввум имсол шурӯъ шудааст. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, дар марҳалаи аввал як қатор асноди муҳим, аз ҷумла, кодексҳои мурофиаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи иқтисодӣ қабул ва ҳамчунин иҷроиши додгоҳӣ ба ихтиёри вазорати адлия дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ин марҳалаи ислоҳоти додгоҳӣ ва ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз натавонистааст барои барқарории адолати додгоҳӣ дар кишвар таъсири назаррас дошта бошад. Гузашта аз ин, ба қавли коршиносон, кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ба таври пинҳонӣ дар парлумон ба тасвиб расидааст. Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифоъ ва коршинос дар умури ҳуқуқ мегӯяд, бо ин кодекс тарафҳои мурофиа шинос шуда наметавонанд ва ҳол он ки он мебоист бо ширкати ҷомиа таҳлилу тарҳрезӣ мешуд.

Оқои Юсуфов мегӯяд, аз рӯйи қонуни мурофиаи ҷиноятие, ки имрӯз амал мекунад, додгоҳҳо иштибоҳҳои зиёд доранд, Вай институти тафтишоти иловагиро мисол овард, ки мухолифи қавонини байнулмилал аст. Тибқи он, агар иттиҳомот алайҳи шахси муттаҳам дар додгоҳ собит нашаванд, додгоҳ ӯро сафед намекунад, балки парвандаро ба мақомоти тафтишотӣ мефиристад, то иттиҳомоти худро аз дигар асоснок кунад.
XS
SM
MD
LG