Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай хостори бознигарӣ дар стротегияи Ғарб шуд


Имрӯз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, куштори шаҳрвандони ин кишвар тавассути нируҳои хориҷӣ сарчашмаи аслии нооромӣ дар Афғонистон будааст. Зимни паёми худ ба порламон дар оғози иҷлос оқои Карзай аз муттаҳидони низомии Ғарб хост, ки дар мубориза бар зидди Толибон дар стротегияи худ бознигарӣ кунанд. Карзай, ки дар рӯ ба рӯи интихоботи моҳи сентябри раёсати ҷумҳурӣ қарор дорад, такрор ба такрор шикоят кардааст, ки куштори аҳолии маҳаллӣ эътибори ҳукумати вайро дар миёни мардум халалдор мекунад. Ахиран сиёсатмадорони Ғарб аз ҳукумати оқои Карзай барои ришвахориву кӯтоҳӣ дар умури идорӣ интиқод карданд. Баъд аз суқути Толибон дар соли 2001 Ҳомид Карзай раҳбарии Афғонистонро бар ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG