Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини муфтӣ хостори афви маҳбусон шуд


Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа, муовини муфтии асосии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои уламои вилояти Хатлон
Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа, муовини муфтии асосии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои уламои вилояти Хатлон

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа, муовини муфтии асосии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Шӯрои уламои вилояти Хатлон аст, мегӯяд, аз ҷамъияти 1350-нафараи маҳбусини зиндони рақами 1-уми шаҳри Душанбе номаи имдод дарёфт кардааст ва дар он дархости мусоидат ба афв шудааст.

Эшони Саидҷон, ки аз бонуфузтарин рӯҳониёни ҷануби Тоҷикистон аст, мегӯяд, дар ин нома зиндониён, асосан он афроде, ки дар гузашта шомили Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик ва Фронти халқӣ будаанд, аз вазъи бади нигаҳдориашон дар маҳбас ҳикоят кардаанд.

Ба қавли эшони Саидҷон, размандагони собиқи ИНОТ дар номаи худ гуфтаанд, ки бар ҳама амалкарди ғайриқонуниашон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ пушаймонанд, ҳарчанд бисёре аз иттиҳомоти алайҳи онҳо эъломшуда сохтаву таҳмилианд.

Зимнан эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа мухотабан ба раисҷумҳури Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мегӯяд, бахшида ба бузургдошти Соли Имоми Аъзам дар Тоҷикистон эъломи афви зиндониён боиси афзоиши нуфузу мартабаи ҳукумати феълии кишвар хоҳад шуд.

Вай меафзояд, «дар зиндонҳо имрӯз олимони зиёде ба сар мебаранд, забонҳои англисиву арабиву русиро хуб медонанд ва шояд бар асари ҷавонӣ ва бетаҷрибагӣ ба гуноҳ печидаанд».

Собиқ размандагони ИНОТ ва Фронти халқӣ зимни як нома хостори афв шудаанд
Бахшиши муҷримин ва додани имкони ислоҳ шудан ба гунаҳкорон, ба гуфтаи эшони Саидҷон, аз амалҳои дӯстдоштании Худованд аст. Аксари кулли афроде, ки феълан дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, мусалмонанд ва дар миёни онҳое, ки бо иттиҳоми ҳамдастӣ ё узвият ба Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик равонаи маҳбас шудаанд, бегуноҳон ва ё қурбониёни фиребу найранги қумандонҳои собиқи худ будаанд, иддао дорад раиси Шӯрои уламои Хатлон.

Эшони Саидҷон ҳамчунин мегӯяд, дар ин авохир номаҳои зиёде аз зиндониён дарёфт мекунад, дар намози ҷумъа барояшон дуо мекунад ва то андозае огоҳ аст, ки чи рӯзу рӯзгори сангине доранд, маҳбусини зиндонҳои Тоҷикистон. Дар ҳоле ки шумори аслии маҳбусин дар зиндонҳои кишвар бештар аз шумори ҷойҳои аз қабл таъиншуда аст, афви теъдоде аз онҳо вазъи нигаҳдории дигар маҳбусинро дар муассисаҳои ислоҳӣ сабук хоҳад кард.

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа, раиси Шӯрои уламои Хатлон, дар вилояти Хатлон дуввумин нафарест, ки дар чанд моҳи ахир аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори афви маҳбусин шудааст. Бо фарорасии моҳи Рамазон бахши хатлонии ҲНИТ низ ҳамин гуна аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, то пайравони зиндонии ин ҳизб ва аъзои пешини ИНОТ-ро мавриди афви умум қарор бидиҳад.

XS
SM
MD
LG