Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори маҷрӯҳ бо олам падруд гуфт


Дар яке аз бемористонҳои Маскав хабарнигори нашрияи “Новая газета” Анастасия Бабурова, ки дирӯз ҳангоми ҳамла ба вакили мудофеъ Станислав Маркелов маҷрӯҳ шуда буд, аз олам даргузашт. Дмитрий Муратов, сардабири "Новая газета" гуфт, ки рӯзнома матни мусоҳибаи Бабурова бо Маркеловро зери даст дорад ва онро нашр хоҳад кард.

Станислав Маркелов, вакили дифоъи хонаводаи Элза Кунгаева, ки аз сӯи полковники рус Юрий Буданов кушта шудааст, дирӯз дар маркази Маскав ҳадафи тир қарор гирифт. Ӯ аз нишасти хабарӣ бармегашт ва дар он ҷо иттилоъ дода буд, ки дар мавриди лағви қарори додгоҳ барои пеш аз вақт озод кардани Юрий Буданов, қотили духтари чечен Элза Кунгаева ариза навиштааст. Полковники артиши Русия Юрий Буданов барои куштори Элза ба мӯҳлати даҳ сол маҳкум ба зиндон шуда буд ва аммо пеш аз мӯҳлат озод карда шуд.
XS
SM
MD
LG