Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабона ба манзили сиёсатмадор


Бар асари як сӯиқасд дар шаҳри Мосул, воқеъ дар шимоли Ироқ, муовини раиси ҳизби сунниҳо – Ҷабҳаи гуфтушуниди миллӣ Ҳасан Зайдон Ал-Лиҳебӣ ба ҳалокат расид. Маргталаб маводи таркандаро дар манзили сиёсатмадор мунфаҷир кард. Солеҳ Ал-Мутлақ, раиси ҳизб хабар дод, ки Ал-Лиҳебӣ маъракаи интихоботӣ дар вилоятҳои Наневаҳ ва Салоҳиддинро раҳбарӣ мекард. Дар арафаи интихоботи маҳаллӣ, ки рӯзи 31 январ баргузор хоҳанд шуд, хушунат дар дар манотиқи ноороми Ироқ афзоиш меёбад.

XS
SM
MD
LG