Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи ҷаҳон аз оташбаси Исроил дар Ғазза


Ҷомиаи байналмилалӣ эъломи оташбаси якҷониба аз сӯи Исроилро истиқбол кард. Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун хостори иқдомоти фаротари баъдӣ дар ин роҳ шуд: “Оташбаси якҷониба бояд ҳамчунин ҷадвали замонии хуруҷи нирӯҳои Исроилро ба дунбол дошта бошад ва дар айни замон, ҷангиёни Ҳамос низ бояд ба он посухи мутаносиб диҳанд. Ҷанг бояд аз ҳарду ҷониб бас шавад.” Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос оташбасро нокофӣ номида, гуфт, бояд гузаргоҳҳои марзӣ ба хотири таҳвили кӯмак ба мардуми Ғазза низ боз карда шаванд. Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс гуфт, Амрико интизор дорад, ки ҳамаи ҷонибҳои зидахли низоъи Ғазза аз идомаи ҳамалот ва иқдомоти душманона билофосила даст хоҳанд бардошт.
XS
SM
MD
LG