Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамос мегӯяд, ба ҷангаш дар Ғазза идома хоҳад дод


Як намояндаи гурӯҳи фаластинии Ҳамос, ки навори Ғаззаро таҳти назорат дорад, гуфт, ин гурӯҳ то замони расидагӣ ба талабҳояш ба ҷанг дар Ғазза идома хоҳад дод. Кобинаи вазирони Исроил шоми шанбе масъалаи эъломи оташбаси якҷониба дар ин сарзаминҳои фаластиниро баррасӣ мекунад. Тайи се ҳафтаи амалиёти нирӯҳои Исроил алайҳи ҷангиёни Ҳамос дар навори Ғазза беш аз 1150 фаластинӣ кушта шуданд. Ҳамос хостори оташбасест, ки хуруҷи нирӯҳои Исроил ва сабук кардани муҳосираи Ғазза аз ҷониби Исроилро дар бар бигирад. Усмон Ҳамдон, намояндаи Ҳамос дар Лубнон, гуфт, тарҳи оташбасе, ки Исроил пешниҳод мекунад, муноқизи тарҳи Миср аст, ки оташбаси дуҷонибаро пешниҳод мекунад. Рӯзи ҷумъа Маҷмаъи умумии СММ низ хостори оташбаси билофосила дар навори Ғазза шуда буд.
XS
SM
MD
LG