Пайвандҳои дастрасӣ

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Саидмамад Шарофиддинов ба ҳайси раиси ширкати «Тоҷикгаз» таъин шуд.

Саидмамад Шарофиддинов қаблан вазифаи ҷонишини раиси ин ширкатро бар уҳда дошт.

Бар асоси қарори нави ҳукумат, ҳамчунин як қатор тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳо ва корхонаҳои давлатӣ сурат гирифт. Азҷумла Нусратулло Давлатов, собиқ муовини аввали раиси кумитаи давлатии андози ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси раиси ин кумита, раиси собиқ ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Абдуҳалими Шералӣ ба ҳайси раҳбари Академияи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва Содиқ Мирхолиқов ба симмати раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардиданд.

Дар рӯзи дуввуми ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон раҳбарони як қатор ноҳияҳои кишвар аз вазифа озод карда шуданд.

Бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон раисони ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Бохтар, Роштқалъа, Шуғнон ва Ҷиликул аз маснадҳои худ барканор шуданд.

Тайи иҷлосияи васеи ҳукумат ҳамчунин раҳбарони як қатор ширкатҳо, аз раиси маркази татбиқи лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба таҳкими гумрук Анваршо Музаффаров, раиси ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» Муҳибалӣ Сафаров аз вазифаҳо озод карда шуданд.

Дар рӯзи дуввуми ҷаласаи ҳукумат раҳбарони як қатор ниҳодҳо ва корхонаҳои давлатӣ аз фаъолияти худ гузориш доданд ва камбуду масоили онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG