Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳсили ғоибона манъ карда мешавад


Вазорати маорифи Тоҷикистон тасмим дорад, соли равон шӯъбаҳои таҳсили ғоибонаи макотиби олии кишварро бандад.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, ба ҷуз бахшҳои марбут ба фаъолияти омӯзгорӣ ва тахассусҳое, ки Тоҷикистон ба онҳо эҳтиёҷ дорад, кулия шӯъбаҳои таҳсили ғоибона баста хоҳанд шуд. Вай афзуд, ки вазорати маориф феълан феҳрасти шӯъбаҳои таҳсили ғоибонае, ки баста мешаванд, тартиб медиҳад.

Масъулини вазорати маориф иллати чунин тасмим гирифтанро шарҳ намедиҳанд. Аммо бархе коршиносон мегӯянд, ки ба таҳсили дуруст фаро гирифта нашудани донишҷӯёни шӯъбаҳои ғоибона аз сӯи донишгоҳҳои олии кишвар ба чунин тасмими вазорати маориф боис шудааст.

Хилватшоҳи Маҳмуд, коршиноси мустақил, мегӯяд, чунин тасмими вазорати маориф дар ин шароит, ки макотиби олии Тоҷикистон наметавонанд, дар бахшҳои таҳсили рӯзона ба донишомӯзон таълими кофӣ диҳанд, амали мантиқан дуруст менамояд. Оқои Маҳмуд меафзояд, донишгоҳҳои олии Тоҷикистон донишҷӯёни бахшҳои ғоибонаро дар як сол ҳамагӣ 80 рӯз ба таҳсил фаро мегиранд, ки ин муддати кам наметавонад, барои тарбияи мутахассисон мусоидат кунад. Аммо мегӯяд, оқои Маҳмуд, бастани шуъбаҳои ғоибона боис ба афзоиши шумори бекорон ва муҳоҷирони таҳсилнодида мешавад, ки паёмадҳои нохуб доштааст.

Аммо Беҳзоди Исомудин, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, бастани шуъбаҳои таҳсили ғоибонаро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандоне, унвон кард, ки мехоҳанд бо роҳи ғоибона дар донишгоҳҳо таҳсил бикунанд. Оқои Исомудин гуфт, бархе шаҳрвандон имконияти моддии рӯзона таҳсил кардан надоранд, ва онҳо маҷбуранд, ки дар шуъбаҳои таҳсили ғоибона омузиш гиранд.

Макотиби олии Тоҷикистон дар соли равон ҳудуди 29 ҳазор донишомӯзонро қабул кардаанд, ки ҳудуди 6 ҳазори онҳо дар шӯъбаҳои ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG