Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаи тӯпхонаи исроилӣ ба ситоди СММ дар Ғазза


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун гуфт, аз хабари зарбаи тӯпхонаи Исроил ба дафтари Созмони Милал дар Ғазза "сахт асабонӣ" шудааст. Вай баёноти комили мақомоти исроилиро дар ин бора талаб кард. Кормандони Созмони Милал дар Ғазза мегӯянд, дафтари онҳо ва анбори маводи имдодӣ оташ гирифта, се нафар захмӣ шудаанд. Онҳо гуфтаанд, гулӯлаҳои оташафкани фосфори сафед партоб шудаанд ва Созмони Милал фаъолияташро дар Ғазза қатъ кардааст. Артиши Исроил шарҳе надодааст. Бан Ки-мун имрӯз бо сарони исроилӣ гуфтугӯ хоҳад дошт. Вай рӯзи ҷумъа дар Каронаи Бохтарӣ бо раиси маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос мулоқот хоҳад кард. Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, дар бист рӯзи амалиёти нерӯҳои исроилӣ дар Навори Ғазза беш аз 1000 фаластинӣ кушта шуд, ки наздик ба ними онҳо аз аҳолии осоишта мебошанд. Исроил мегӯяд, барои он ба Навори Ғазза ҳамла кард, ки ба мушакпаронӣ аз ин ҷо ба ҳудуди Исроил хотима гузорад. 13 исроилӣ, аз ҷумла 3 шаҳрванди осоишта дар даргириҳо ва таркиши мушакҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG