Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши талошҳо ба оташбас дар Ғазза


Талошҳои байнулмилалӣ ба оташбас миёни Исроил ва гурӯҳи ситезаҷӯи Ҳамос ва қатъи ҷанг дар Навори Ғазза идома доранд. Музокиракунандаи аршади Исроил, Амос Ҷилод, дар Қоҳира шартҳои ин оташбаси пешниҳодии Мисрро баррасӣ мекунад. Намояндагони Ҳамос борҳо гуфтаанд, аз пешниҳод истиқбол мекунанд, аммо ҷузъиёти тарҳ бояд дақиқ шавад. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун низ ба Ховари Миёна сафар кардааст ва имрӯз бо сарони исроилӣ гуфтугӯ хоҳад дошт. Вай рӯзи ҷумъа дар Каронаи Бохтарӣ бо раиси маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос мулоқот хоҳад кард. Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, дар бист рӯзи амалиёти нерӯҳои исроилӣ дар Навори Ғазза беш аз 1000 фаластинӣ кушта шуд, ки наздик ба ними онҳо аз аҳолии осоишта мебошанд. Исроил мегӯяд, барои он ба Навори Ғазза ҳамла кард, ки ба мушакпаронӣ аз ин ҷо ба ҳудуди Исроил хотима гузорад. 13 исроилӣ, аз ҷумла 3 шаҳрванди осоишта дар даргириҳо ва таркиши мушакҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG