Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи 20-уми ҷангҳо дар Ғазза


Низомиёни исроилӣ имрӯз бомборони ҳадафҳоро дар Ғазза идома доданд. Алорағми аломатҳое оиди имкони баррасии оташбас, табибони фаластинӣ дар Ғазза мегӯянд, ки то имрӯз беш аз 1020 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки беш аз нисфи онҳо аҳолии мулкӣ мебошанд. Исроил гуфт, ки дар 20 рӯзи ҷангҳо 13 шаҳрванди худ, аз ҷумла 10 сарбозро аз даст додааст. Як фиристодаи Исроил имрӯз қарор аст бо миёнҷиҳои мисрӣ дар Қоҳира мулоқот карда, заминаҳои ташкили гуфтугӯҳо бо Ҳамосро дар Миср ба хотири созиши оташбас баррасӣ кунад. Исроил дар андешаи хотима додан ба ҳамлаҳои мушакии Ҳамос болои Исроил ва қочоқи аслиҳа аз Миср ба Ғазза мебошад. Низомиёни исроилӣ гуфтанд, ки рӯзи чоршанбе аз Ғазза ҳудудан 15 мушак ба хоки Исроил партоб шудааст. Дасти кам се мушак ба шимоли Исроил аз Лубнон партоб шудааст.
Маҷмаи куллии СММ, ки дар он 192 давлати ҷаҳон аъзо ҳастанд, қарор аст имрӯз дар Ню-Йорк ташкили ҷаласа карда, аз ҷонибҳои вориди даргирӣ иҷрои талаботи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оиди оташбаси билофосиларо тақозо кунад. Бан Ки Мун, дабири кулли СММ имрӯз бояд дар Исроил бо раҳбарони ин кишвар мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG