Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳиятҳои нирӯҳои Афғонистон бештар шуд


НАТО гуфт, ки ба нирӯҳои амниятии Афғонистон иҷоза медиҳад, раҳбарии амалиёти ҷустуҷӯву кофтуковро анҷом диҳанд. Ҷеймс Аппаттурай, сухангӯи НАТО гуфт, ки фармондеҳони Нирӯҳои кӯмаки байналмилалии амниятӣ моҳи гузашта чунин як қарорро ба имзо расонданд, то ки мизони танишҳо камтар шуда талафоти ҷонии мардуми осоишта ҳам коҳиш дода шавад. Фармондеҳон гуфтанд, ки амалиёти ҷустуҷӯ, вуруд ба манзили сокинон, амокини мазҳабӣ ва ё муассисаҳои фарҳангӣ ба раҳбарии нирӯҳои Афғонистон анҷом хоҳад шуд. Инчунин ба нирӯҳои байналмилалӣ амр дода шуд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои мошингарду пиёдагард эҳтироми мардуми маҳаллиро ба ҷо гузоранд.
XS
SM
MD
LG