Шумори қурбониҳои фаластинии ҷангҳои Ҳамос ва артиши Исроил дар Ғазза аз марраи 1000 нафар гузашт, дар ҳоле, ки талошҳои дипломатӣ барои хатми хушунатҳо идома дорад. Мақомоти Ғазза гуфтанд, ки тибқи иттилои онҳо то имрӯз дар натиҷаи даргиириҳо 1010 нафар ҷони худро аз даст додаанд ва 4600 нафари дигар захмҳо бардоштаанд. Дар айни замон, дафтари ҳимоят аз атфоли СММ (UNICEF) гуфт, ки дар миёни қурбониҳои ин ҷанг 300 нафарашон кӯдакон ва беш аз 1500 нафар атфоли ҷароҳатдида будаанд. Раҳбари иҷроияи UNICEF Энн Венеман гуфт, ки кӯдакону аҳли хонаводаи онҳо дар банди "хушунатҳои ваҳшиёна" мондаанд. Дар ҳамин ҳол дар Қоҳира Бан Ки Мун, дабири кулли СММ дар ҷараёни оғози сафари минтақаии худ ба Ховари Миёна ба хатми билофосилаи хушунатҳо даъват кард:
"Шумо аз ӯҳдадории пурраи ман хабар доред, ки ба ҳайси дабири кулли СММ тамоми талошамро ба харҷ медиҳам, то ки пеш аз ҳама ва муҳимтар аз ҳар чизи дигар ҷонибҳоро ба оташбас водор кунам ва ҳама имконияти дар ихтиёрдоштаамро барои ироаи кӯмакҳои башарӣ равона созам".
Сафари оқои Бан ба минтақа дар шароите сурат мегирад, ки Исроил дар рӯзи 19-уми даргириҳо ҳамоно бо ҳамлаҳои ҳавоиву заминӣ амалиёти худро тавсеа мебахшад. Аз шурӯи хушунатҳо дар Ғазза Исроил 10 сарбоз ва се мулкиашро аз даст додааст.