Ширкати “Газпром”-и Русия рӯзи сешанбе интиқоли газ ба минтақаи Балкан ва Туркия аз тариқи Украинро эҳё ва аммо баъд аз фурсате онро дубора қатъ кард ва эълом дошт, ки Украин дар роҳи транзити газ боз ҳам монеъа эҷод кардааст. Газпром хабар дод, ки рӯзи чаҳоршанбе низ талошҳояш барои интиқоли газ ба Аврупо аз тариқи лулаи Украин ноком анҷом ёфтанд.
Дар ҳамин ҳол ду кишвари пойбанди гази Русия - Булғористон ва Словакия талош карданд, ки роҳи ҳалли мушкилро дар Маскав ва Киев ҷустуҷӯ кунанд. Сарвазирони ин ду кишвар рӯзи чаҳоршанбе бо Владимир Путин ва Юлия Тимошенко музокирот анҷом медиҳанд. Ва аммо ба назар мерасад, ки вазъи ба вуқуъпайваста ва манзилҳои сарду корхонаҳои аз корбозмонда мақомоти Иттиҳодияи Аврупоро рӯз то рӯз нигарон ва хашминтар месозад.
Жозе Мануэл Баррозо, Раиси Комиссиюни Аврупо рӯзи чаҳоршанбе зимни суханронӣ дар Парлумони Аврупо дар Страсбург гуфт, агар созиши бо ибтикори Иттиҳодияи Аврупо ҳосилшуда фавран татбиқ нашавад, Комиссиюни Аврупо ба ширкатҳои аврупоӣ машварат медиҳад, ки ба додгоҳҳо муроҷиат кунанд.
Намояндагони Иттиҳодияи Аврупо чанд рӯз қабл баъди ноком поён ёфтани музокироти миёни Газпром ва Нафтогаз Украина дар мавриди қарз аз истифодаи газ ва қимати газ барои соли 2009 бо мақомоти ин ду кишвар гуфтушунид карда дар мавриди эҳёи интиқоли газ ба созиш расиданд. Барои назорати транзити гази Русия аз тариқи Украин комиссиюни байнулмилалӣ низ таъсис гардид. Ва аммо созиш фақат рӯи варақ боқӣ монд – Газпром интиқоли газро аз тариқи Украин аз сар гирифт ва аммо маводи сӯхт то ба марзҳои Аврупо нарасид.
Раиси Нафтогаз Украина Олег Дубина дар ташреҳи вазъи ба вуқуъпайваста гуфт, ки интиқоли газ аз тариқи лулаҳои пешниҳодкардаи Маскав–Суҷа ва Орловка чандин минтақаи Украинро аз дастрасӣ ба газ маҳрум месозад. Ва аммо Газпром ин иддаои раиси Нафтогаз Украинаро бепояву бунёд хонд.
Сарвазири Русия Владимир Путин бошад мавқеъи дипломатиро ишғол кард ва дирӯз дар сӯҳбат ба шабакаҳои телевизионии кишвар гуфт, шояд вазъи техникии системи интиқоли гази Русия ин гуна аст, ки аз тариқи он интиқоли газ ғайримумкин аст ва мо бояд бифаҳмем, ки имрӯз бо кадом системаи интиқоли газ сару кор дорем ва оё системи интиқоли гази Украин аслан барои транзити газ мутобиқ аст ё на?
Дар ҳамин ҳол Киев дар идомаи моҷаро фақат Маскавро айбдор мехонад. Раисиҷумҳури Украин Виктор Юшенко мутмаин аст, ки Русия талош дорад баҳси газро ба хотири ноором кардани Украин истифода кунад. Дар як нишасти хабарӣ, ки аз тариқи телевизиони давлатӣ пахш шуд, Юшенко Маскавро дар барангехтани норозигӣ миёни мардуми манотиқи шарқии Украина айбдор кард.
Зимнан, дирӯз фраксияҳои русгарои порлумони Украин истеъфои Виктор Юшенко ва ҳукумати кишварро талаб карда буданд.

Чомеашиносон ягон маротиба дар бораи вазьи иктисодии омузгор ва нархи бозорхо гап намезада бошанд.
Агар ин заданро як мулло анчом медод бовар дорам ба хабс махкум мешуд. Ин муаллима бачахои мардума барра гумон кардаст. Ин муаллима бояд чупон бошад на омузгор!!!
Чаро Хадамоти зиддимонополи хомуш аст, як ниходи давлати бозори молии кишварро монполи мекунад ракобатро аз байн мебарад, дар Точикистон Конун барои мардуми одди аст, барои авлоду хешовандони рахмонов на Конун асту на инсофу на вичдон, пас ин суханхои мегуфта хама бефоидаанд
Ман аз ин кори омузгор дар шигифт афтодам ман низ омузгорам собикаи кории 30 сола дорам лекин ягон бор хонандаеро озор надодаам аз богча сар карда то синфи ибтидои то синфхои болои айни хол ба донишчуен дарс мегуям сахтгирам лекин бо дигар методхо яьне бо сухан бо мондани бахои 2 е инки бо корхои инфироди ва. Гайрахо илтимос чаноби вазири маориф чунин омузгоронро ки сазовори номи омузгорро надоранд аз кор чавоб диханд ба тарики озмун омузгор гиранд хайр чи маош 700 сомони ман дар солхои бади чанги шахрванди 3.сол бо маоши ночиз кор кардем ин манои онро надорад ки мо фарзандони миллати худамонро зери шиканча гирем ин дар ягончои инсони рост намеояд
Маро мезадан хуб мешуд мехондам ...амо Ози Ман бе савод мондам ...тоба бе сабаб набудагист