Ба гуфтаи оқои Ҳукумов, аксари хатсайрҳои қатораҳои Тоҷикистон хоҳ ба дохил ва хоҳ ба хориҷи кишвар аз дохили Узбакистон мегузаранд, аз ин сабаб қимати роҳқирои онҳо ба нархи истифода аз роҳҳои Узбакистон алоқаманданд. Аммо афзоиши қимати роҳкиро аз сӯи Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҳолест, ки нархи маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонӣ бештар аз 50 дарсад коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон эълон кард, ки бо сохтмони истгоҳ дар минтақаи Нови шимоли Тоҷикистон аз ҳудуди ин кишвар гузаштани локомотивҳои Узбакистонро манъ кардааст. Ба қавли оқои Ҳукумов, бар асоси қоидаи нави ҷоришуда ҳамакнун қаторҳои Узбакистон танҳо бо истифодаи локомотивҳои Тоҷикистон ва пардохти ҳақи онҳо метавонанд аз ҳудуди Тоҷикистон гузаранд.
Ба гуфтаи масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, қаблан Узбакистон бо сохтмони як чунин истгоҳ дар минтақаи Сариосиё ворид шудани локомотивҳои Тоҷикистонро ба қаламрави худ манъ карда, истифодаи пулакии локомотивҳои худро ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Амонуло Хукумов гуфт, бо сохтмони истгоҳ дар минтақаи Нов акнун Тоҷикистон низ аз истифодаи локомотивҳояш аз Узбакистон пул меситонад.
Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли ахир ҳудуди 426 миллион сомонӣ даромад ба даст оварадааст, ки қисмати аъзами он аз роҳандозии истифодаи локомотивҳои Тоҷикистон дар қаторҳои Узбакистон ворид шудааст.
Шарҳҳоро бинед (4)
Боз кардани шарҳи бештар