Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтироъи "чӯби моеъ" дар Олмон


Донишмандони олмонӣ моддаи наверо офаридаанд, ки асосан аз чӯб таркиб ёфтааст, вале мисли пластик нарму тағйирпазир аст.

Пластмасса ва ё пластик яке аз бузургтарин ихтироъоти асри 20 дониста мешавад, вале акнун “арбоформ” ё ба истилоҳ “чӯби моеъ” шояд ҷойи пластикро дар асри 21 бигирад. Бале "чӯби моеъ", ки ихтироъи гурӯҳе аз донишмандони олмонӣ аст. Пластик, ки селофану ҳазорон зарфҳои пластикии дигар маҳсули он мебошанд, як навъ моддаи кимиёвиест, ки аз таъсири табиӣ вайрон намешавад ва аксар вақт дар таркибаш моддаи хатарноки карсиноген, як барангезандаи саратон ва дигар моддаҳои заҳрогини кимиёвиро дорад. Гузашта аз ин ҳама аксари маҳсулоти пластикиро аз маводи нафтӣ, як сарвати тамомшавандаи табиӣ ҳосил мекунанд.

Норберт Эйзенрайх, пажӯҳишгар ва муовини мудири Пажӯҳишгоҳи фанновариҳои кимиёвӣ, дар шаҳри Пфинзтали Олмон, ба Маҷаллаи Илм ва Фанноварии Радиои Озодӣ гуфт, бо боло рафтани қимати маводи нафтӣ табиатан арзиши маҳсулоти пластикӣ низ афзоиш меёбад, аз ин рӯ талош барои пайдо кардани ҷойгузини пластик дар миёни олимон вуҷуд дошт. Норберт Эйзенрайх таркиби моддаи "арбоформ"- ро чунин шарҳ дод: "Ин як моддаест, ки мисли термопластик онро метавон коркард намуд. Яъне онро метавон дар мошинҳои олотсозие, ки ба модда шаклу навъҳои гуногун медиҳанд коркард намуд. Ин модда асосан моддаи аслии таркиби чӯб, яъне аз лигнин таркиб ёфтааст. Арбоформ дар таркибаш тақрибан аз 32 то 40 дар сад лигнин дорад."

Сипас донишмандони олмонӣ ба лигнин ҳамчунин нахи ҳашиш, катон, лифаи чӯб ва дигар моддаҳои табиӣ омехта карда ва дар ниҳоят моддаи “арбоформ”- ро ба даст овардаанд. Ба гуфтаи Норберт Эйзенрайх лигнин моддаест, ки асосан дар санъати тавлиди коғаз ҳамчун партоб ҳосил мешавад: “Вақте дар саноати тавлиди коғаз барои истеҳсоли он селюлоза ҳосил мекунанд, партоби аслӣ ликнин аст, ки онро маъмулан месӯзонанд ва ё берун меандозанд ва миқдори ниҳоят ками онро истифода мебаранд. Ва лигнин полимери аслиест, ки дар таркиби маводи офаридаи мо истифода мешавад".

Барои офаридани селюлоза корхонаҳои саноатӣ бо изофаи сулфур, ки бӯи баде дорад, лигнинро аз таркиби чӯб хориҷ мекунанд. Вале ба донишмандони олмонӣ муяссар шудааст, сулфур дар таркиби аброформро 90 дар сад кам кунанд. Норберт Эйзенрайх ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, аброформро метавон барои тавлиди маҳсулоти зиёд истифода кард: "Онгуна ки аз пластик маҳсулоти зиёде тавлид мешавад, аз ин модда ҳам метавон ҳамонҳоро офарид. Масалан дар утоқи кории ман ман чизи бисёреро мебинам, ба мисли қуттиву дигар чизҳо ва масалан қуттӣ барои баландгӯҳо метавон тавлид кард ва дигар абзор барои асбоби мусиқӣ, зеро хосияти садоофаринии ин модда бисёр хуб аст. Аз ин модда асбоби маъмулӣ ва чизи бисёри дигар метавон тавлид кард." Донишманди олмонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "арбоформ"-ро метавон дубора коркард намуда ва аз он анвоъи дилхоҳи маҳсулот тавлид кард.
XS
SM
MD
LG