Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун аз Ховари Миёна боздид мекунад


Нируҳои Исроил ва тундраҳои Ҳамос субҳи имруз дар атрофи шаҳри Ғазза вориди даргириҳои шадид шуданд. Ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҷангии Исроил дар давоми шаб тақрибан ба 60 ҳадаф ҳамла бурданд. Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ба нақша гирифтааст, ки имруз барои ташвиқи оташбас ба минтақа сафар кунад. Якоб Келленбергер-раиси Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх низ барои ошноӣ бо вазъи кумакҳои башарӣ ба минтақа меравад. Аз оғози даргириҳо бар зидди гуруҳҳои Ҳамос дар Ғаззаи Фаластин беш аз 900 нафар кушта шудаанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони бегуноҳ низ ҳастанд. 10 сарбози исроилӣ ва се шаҳрванд аз мушакҳои Ҳамос ба қатл расидаанд.

XS
SM
MD
LG