Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда бар зидди Назаров ва Эрматов қатъ шуд


Парвандаи ҷиноӣ бар зидди Абдулқодир Эрматов-раиси пешини корхонаи алюмини Тоҷикистон ё ТадАЗ, ки ҳоло ба шикати "Талко" табдил ёфтааст ва бар зидди Аваз Назаров-раиси ширкати "Ансол" қатъ шудааст. Бобоҷон Бобохонов-додситони кулли Тоҷикистон имруз дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ширкати "Талко" 27-уми ноябри сои гузашта дар додгоҳи салтанатии Лондон аз даъвои худ бар зидди ин ду нафар гузашт ва акнун Абдуқодир Эрматов ва Аваз Назаров мавриди пайгард қарор надоранд:

"Раводид барои боздошт ва пайгард ҳамааш лағв шудааст. Ҳеҷ монеъа барои Эматов, Назаров ва Кучаров нест. Парванда бакста шудааст".

"Ансол" низ дар ин додгоҳ шикояти худро бар зидди ширкати "Талко" фаро хонд. Ширкати "Талко" ба додгоҳ шикоят бурда буд, ки дар солҳои 1996-2004 ширкати "Ансол" аз роҳи фиреб тақрибан ним милиярд доллари корхонаро бо кумаки Эрматов моли худ кардааст. Аз суи дигар, Аваз Назаров-раиси ширкати "Ансол" даъво мекард, ки "Талко" аз вай 130 милиён доллар қарздор аст. Бино ба хабарҳ, ҳар ду ҷониб мегуянд, ки аз даъво гузаштаанд ва бо ҳам муросо кардаанд.

XS
SM
MD
LG