Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҷоҳидони Халқ созмони террористӣ аст"


Вазорати хориҷаи Амрико бори дигар таъйид кард, ки гурӯҳи мухолифини эрониро, ки дар Ироқ мустақар мебошад, дар феҳрасти ташаккулҳои террориристӣ ҳифз мекунад. Созмони Муҷоҳидони Халқи Эрон, як гурӯҳи мухолифин дар номае ба унвонии ҳукумати Амрико дархост карда буд, ки исми онро аз феҳрасти ташкилоти террористӣ ҳазф кунад. Аммо вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс рӯзи душанбе дар "Феҳрасти федеролӣ" навишт, ки баъди бозбинӣ шудани ин қазия ва шикоят ба қароре омадааст, ки чунин номгузорӣ дуруст ва мувофиқи матлаб будааст. Баъди суқути режими Саддом Ҳусейн дар соли 2003, нирӯҳои амрикоӣ Созмони Муҷоҳидони Халқи Эронро халъи силоҳ карда ҷангиёни гурӯҳи онро дар қароргоҳи Ашраф, 129 километрии шимоли Бағдод ҷо доданд.
XS
SM
MD
LG