Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Швейсария-намояндаи дипломатии Гурҷистон дар Русия


Гурҷистон ва Швейсария қарордоде ба имзо расонданд, ки тибқи он сафорати Швейсария дар Маскав аз манофеи дипломатии Гурҷистон дар Русия намояндагӣ хоҳад кард. Вазири хориҷаи Швейсария Мишелин Келми-Рей дирӯз созишномаро дар ин замина бо ҳамтои гурҷиаш Григол Вашадзе ба имзо расонд. Моҳи декабр Русия айнан ҳамин гуна созишномаро бо сафорати Швейсария дар Тифлис ба имзо расонида иҷозаи намояндагӣ аз манофеи Маскавро дар Гурҷистон дар ихтиёри ин кишвар вогузор кард. Дар пайи даргириҳои кӯтоҳмуддати моҳи августи порсол Русия ва Гурҷистон равобити дипломатии миёни ҳамдигарро қатъ карданд.
XS
SM
MD
LG