Фарангиси Идибой дар синфи 10-и мактаби рақами 69, воқеъ дар як канори шаҳри Душанбе таҳсил мекунад. Ӯ мегӯяд, дар як соли ахир дар синфи онҳо аз 17 духтар танҳо 9 нафар боқӣ мондааст. Фарангис гуфт, агар талоши худи ӯ намебуд, ӯ ҳам шояд имрӯз мисли аксари дигар дугонаҳояш паси мизи мактабӣ наменишаст.
Яке аз омӯзгорони мактаби 63-и ноҳияи Рӯдакӣ низ тасдиқ мекунад, ки дар синфҳои болоии ин мактаб одатан писарон таҳсил мекунанд. Мусоҳиби мо аз ҷумла гуфт, аксари волидайн бо баҳонаи он ки таҳсил танҳо то синфи 9-ум ҳатмист, барои хондани духтаронашон дар синфҳои болоӣ монеъ мешаванд.
Ҳарамгул, як мусоҳиби ҷавони мо, қабули қонун барои ҳатмӣ кардани таҳсил то синфи 11-ро ба манфиат медонад. Ӯ мегӯяд, ғолибан шароити бади молии оилаҳо яке аз омилҳои аслии дур мондани духтарон аз таҳсил мешавад. Аммо ба андешаи Умед, яке аз дигар ҳамсӯҳбати мо, қонуни ҳатмӣ гардондани таълими 11-сола наметавонад барои рафъи мушкили ҷалби духтарон ба таҳсил мусоидат кунад.
Бар тибқи оморҳои расмӣ дар Тоҷикистон, имрӯз 75 дар сади духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, дар ҳоле ки теъдоди писарон дар макотиб ба 90 дар сад мерасад.
Шарҳҳоро бинед (14)
Боз кардани шарҳи бештар