Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин журналистони риштаи варзиши соли 2008


Нарзулло Латифов дар Бозиҳои олимпӣ дар Пекин
Нарзулло Латифов дар Бозиҳои олимпӣ дар Пекин

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони озмуни «Беҳтарин журналистони риштаи варзиши соли 2008»-ро эълом кард.

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ва шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзулло Латифов, хабарнигори варзиши шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон Раҳматшоҳ Обидов ва сардабири ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Самариддин Асоев, ки дар таблиғоти варзиш ва инъикоси ҷараёни омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ХХ1Х тобистонаи олимпӣ хидмати арзанда кардаанд, ба дарёфти се мукофоти аввал ҳар кадом ба маблағи 600 сомонӣ даст ёфтанд.
XS
SM
MD
LG