Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони қурбонии нави миллатгароҳои рус


Сомонаи Lenta.ru аз қавли оҷонсии "Интерфакс" навиштааст, ки рӯзи якшанбе дар минтақаи шимолу шарқи Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон бо захмҳои корд ба шифохонае интиқол ёфтанд. Ин ҳодиса дар хиёбони Декабристов-12, дар наздикии истгоҳи метрои "Отрадное" рӯй дод. Ҳодисаи захмишавии шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби афроди ҳамлагаре соати 20:30 ба хадамоти "Ёрии таъҷилӣ" хабар дода шуд. Шоҳидони ҳол гуфтаанд, ки гурӯҳи номаълум бидуни ҳеҷ сабабе ба ду тоҷик ҳамла бурдааст. Кормандони ҳифзи қонун дар сӯҳбат бо хабарнигори "Интерфакс" тахмин задаанд, ки эҳтимолан ин кори дасти гурӯҳҳои бегоназистез будааст. Моҳи декабри соли гузашта дар вилояти Маскав гурӯҳи миллатгароёни рус ба ҷавони 20-солаи тоҷик Салоҳиддин Азизов ҳамла карда сари ӯро аз тан ҷудо кард. Ин ҳодиса мояи нигаронии шадиди мардум дар дохили Тоҷикистон ва дар сатҳи вазорати хориҷаи ин кишвар шуд. Куллан, тибқи арзёбиҳои гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар, соли гузашта ҳудудан 70 шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳру манотиқи Русия қурбони гурӯҳҳои миллатгаро шудаанд.
XS
SM
MD
LG