Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев Путинро сарзаниш кард


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев рӯзи якшанбе ҳукумати ба раҳбарии Владимир Путинро барои кундиаш дар роҳи муқобила бо бӯҳрони иқтисодӣ танқид кард. Хабаргузориҳои русӣ дар нақли қавл аз сӯҳбатҳои Медведев дар як нишасте бо раҳбарони ширкатҳои хусусӣ навиштанд, ки аз он тадбирҳое, ки ҳанӯз се моҳи пеш ваъда дода шуда буд, то имрӯз танҳо 30 дар садаш иҷро шудааст. Чунин лаҳни танқидии Медведев ғайримуқаррарӣ аст. Ӯро Путин ба номзадии раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ карда ва баъд моҳи марти порсол ба ин вазифа интихоб гардид. Бӯҳрони молии имрӯза барои Русия як имтиҳони хеле сахте дар ин даҳ соли охир гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG