Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими видоъ бо Ҷумъабой Ниёзов


Рӯзи 11-уми январ дар шаҳри Хуҷанд ҷасади яке аз поягузорони ҲДТ Ҷумъабой Ниёзов ба хок супурда шуд.

Ҷанозаи яке аз бунёдгузорони Ҳизби демократии Тоҷикистон, нахустмуовини ин ҳизб Ҷумъабой Ниёзовро зуҳри 11-уми январ дар шаҳри Хуҷанд ёру дӯстони ӯ, намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, аҳли дин ва мақомот бо баргузории маросими видоъ ба манзили охират гусел карданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар ин маросим гуфт, аъзои ҲНИТ реҳлати Ҷумъабой Ниёзовро на рафтани як инсони одӣ, балки талафоти як марди бузург меҳисобанд. Ҷумъабой Ҳайдарович, афзуд ӯ, Инсоне буд бо ҳарфи калон, ки дар худ арзишҳои инсонӣ, тоҷикӣ ва мусалмониро пайванд дода буд: «Ин муҳим нест, ки ӯ аввал инсон буд, тоҷик ё демократ – муҳим он аст, ки ӯ як инсони комил буд ва дар синаи васеъаш ҳама андешаҳои нек мегунҷид».

М. Кабирӣ бо ёдоварӣ аз фаолияти сиёсии марҳум таъкид кард, ки Ҷумъабой Ниёзов шахсе буд, ки умри худро сарфи мубориза барои озодӣ ва истиқлоли якояки шаҳрвандони Тоҷикистон намуд : «Дар ҳама ҳол ҳамаи мо бояд чун Ҷумъабой Ҳайдарович ватани худ Тоҷикистонро дӯст бидорем ва, он гуна ки мубориза мебурданд, мубориза барем».

Абдулҳаким Шарифов, мудири шуъбаи идеологӣ дар ҳукумати Суғд, аз Ҷумъабой Ниёзӣ ба ҳайси як сиёсатмадори эътирофгашта дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон ва аъзои фаоли маҳфили аҳзоби сиёсӣ ва узви созмони ҷомиъаи шаҳрвандӣ, ки баҳри ободӣ ва пешрафти Тоҷикистон фаолият мекард, ёдовар шуд.

Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ, дар маросими мотам аз номи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби мазкур, ки дар зиндон ба сар мебарад, ва бо хоҳиши ӯ ба аҳли оилаи Ҷумъабой Ниёзов изҳори таслият кард. Ҷумъабой Ниёзов, гуфт вай, дар ҳифзи арзишҳои демократӣ собитқадам буд, бо вуҷуди онки солеро дар пайи ақидаҳои демократии худ дар зиндон сипарӣ кард, вале дар роҳаш то охир собитқадам буд: «Ҳама кӯшишу талоши Ҷумъабой Ниёзов ва паси панҷара нишастани ӯ дар роҳи истиқлол ва пешрафти Тоҷикистон, мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, баргардонидани номи Хуҷанд ба маркази устони Суғд буд».

Р. Валиев пешниҳод кард, кӯчае, ки Ҷумъабой Ниёзов дар Хуҷанд дар он зиндагӣ мекард, ба номи ӯ гузошта шавад. Ин пешниҳоди ӯро ҳамсоягони марҳум дар суханрониҳои худ дар маросими мотам хеле гарм пазируфтанд. Онҳо аз он ёдовар шуданд, ки оқои Ниёзов барои ободии ин кӯчаву гузар хеле хидматҳои хайр кардааст.

Ҷанозаи марҳум Ҷ. Ниёзов баъди адои ҷаноза дар гӯристони Хуҷанд ба хок супурда шуд.
XS
SM
MD
LG