Коргардони он Абдурашид Азимӣ дар ин филм мавзӯъеро матраҳ кард, ки дар ҷомеаи Афғонистон мамнӯъ шумурда мешавад ва аксарият авло медонад аз он ҳарфе боз накунад. Ин таҷовуз ба номуси занон аст, ки бар тибқи филми мазкур дар Афғонистон ва аксари кишварҳои мусулмонӣ пешдовариҳои зиёд ва пайомадҳои фоҷиаангез дорад.
Филми нави синемогарони Афғонистон "Акси ёдгорӣ" достони духтари ҷавон Наргис аст, ки як гурӯҳ мардони мусаллаҳ ба номусаш таҷовуз мекунанд ва барои ин амал ҷазое намебинанд.
Нахустин тамошогарони он дар Ҳирот аз филм истиқбол карданд ва онро як қадами ҷасурона номиданд.
Коргардони филм Абдурашиди Азимӣ мегӯяд, ки сужаи он бар ҳодисаҳои мустанад асос ёфтааст, вале ҳамзамон сарнавишти даҳҳо духтари дигари афғонро низ фаро мегирад.
Филм нишон медиҳад, ки қурбониёни зӯрдастиҳои ҷинсӣ ҳамзамон ба қурбониёни танаффур ва кароҳати ҷомеа низ табдил меёбанд ва дигар наметавонанд, зиндагии худро ба роҳ монанд. Дар ин кишвари амиқан муҳофизакор ин қурбониён ба шармсорӣ ва беҳурматии абад гирифтор мешаванд. Ба ин сабаб хонаводаҳо ҳамеша бартарӣ медиҳанд, ки дар бобати чунин ҷиноят сукут ихтиёр кунанд. Ҳатто баҳси мавзӯъ дар мазҳари ом мамнӯъ аст, ҳарчанд аксари кулли мардуми Афғонистон медонанд, ки дар зиёда аз 20 соли ҷанг таҷовуз ба номус як ҷинояти тақрибан ҳамарӯза буд.
Ба гуфтаи созмонҳои ҳуқуқи занон, садҳо зану духтар ва писарбачаҳо аз тарафи мусаллаҳон ва ҷинояткорон дастзӯрӣ шудаанд.
Яке аз қаҳрамонони филм, Носир, марди ҷавон, ки Наргисро дӯст медорад, мехоҳад бо куштани таҷовузгарон интиқоми Наргисро биситонад. Ҳарчанд қонунҳои Афғонистон ба таҷовузгар ҳукми қатлро пешбинӣ мекунанд, Носир бовар надорад, ки додгоҳи кишвараш замоне чунин афродро ба ҷазо хоҳад расонд.
Коршиноси умури иҷтимоъӣ дар Кобул Ваҳиди Мужда мегӯяд, ин як воқеъияти Афғонистон аст, ки аксари қурбониёни таҷовузи ҷинсӣ қароргирифта ва аҳли хонаводаи онҳо мехоҳад адлро бо дастони худ барқарор кунад.
Ҳамчун як, ба истилоҳ, роҳи ҳалли дигар, бархе аз хонаводаҳо таҷовузгарро маҷбур мекунанд, ки бо қурбонии худ издивоҷ кунад. Аммо чунин ҳодиса замоне иттифорқ меафтад, ки хонаводаи қурбонӣ ба андозаи кофӣ нерӯманд ва бонуфуз бошад. Таври маълум зӯрдастон асосан занон ё писарбачаҳоеро ҳадаф мегиранд, ки аз хонаводаҳои қашшоқ ва бепаноҳанд ва дар натиҷа барои ҷинояти худ ҷазое намебинанд.
Мужда меафзояд, ки бархе аз қурбониён ба маҳалҳои дур кӯч мебанданд, ба ҷойҳое ки дар он ҷо касе онҳоро нашиносад ва достонашонро надонад. Матбуоти Афғонистон соли гузашта ба шикастани сукути марбут ба ин мавзӯъ сар кард ва ду ҳодисаи таҷовуз ба номусро дар вилоятҳои шимолии Тахор ва Сарипул мавриди суҳбат қарор дод. Дар инҷо духтарчаҳои 11-сола аз тарафи мусаллаҳон дастзӯрӣ шудаанд.
Навиштаҳои зиёди матбуот сабаб гардид, ки раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай бо қурбониён ва пайвандони онҳо мулоқот карда, ваъдаи онро диҳад, ки гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт. Аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки пулис наметавонад, яке аз таҷовузгаронро ҳабс кунад, зеро вай аз хонаводаи бонуфуз аст.
Шукуфа Муртазавӣ, ки нақши асосӣ, нақши Наргисро дар ин филм иҷро кардааст, мегӯяд, умедвор аст, ки филми "Акси ёдгорӣ" таваҷҷуҳи ҷомиъаро ба сарнавишти қурбониёни зӯрдастӣ ва наздикони онҳо ҷалб хоҳад кард.
А. Азимӣ, коргардони филм, низ умедвор аст, ки филми ӯ муносибати ҷомеаро ба қурбониёни таҷовузҳои ҷинсӣ тағйир хоҳад дод, вагарна феълан ин муносибат як ҷазои иловагие ба ҷабрдидагон аст, дар ҳоле ки ҷинояткорон одатан беҷазо мемонанд ва касе ба онҳо коре надорад.

Агар гуянд, ки рафта дар Донишгоххои Русия, Украина, Амрико, Инглистон, Фаронса хонда инженер, химик, барномасоз, заминшинос ва дигар касбхои фоидаоварро сохиб шав ва барои пешрафти Ватан хизмат кун. Точикистонро мисли кишвархои пешрафта карда истиклолияту Озодии Ватанро пуркувват ва зиндагии мардуро шоиста намоем. Не. Падар рози намешавад. Имконият надорам ва дигар бахонахо пайдо мешавад. Чор калимаи исломро ёд гирифта дар гардани мардум савор шуда харом зиндаги кардан ба баъзехо маъкул. Дар Бангладеш мехонанд мебинанд, ки мардуми Бангладеш то кучо рафтаанд хулоса намебароред. Як кишвари акибмонда, сатхи зиндагии мардумаш аз мо касодтар. Холу бину ахвол пурс. Кай ин миллат аз худро дуст медошта бошад.
Man nafahmidam in mard chi mexohad. Ideayahoi nobarkardaash sad dar sad ideyai Kommunistivu boz kommunistonro bad kardaistodaast. Maalum, ki dar xizmati Xojagahoi garbiash ast. Nagz mekunad Prezident Mirzoev!
I as a Tajik teenager wanted to make a call for all international organizations and embassies and generally the society to defend us. I really miss my homeland but am too scared to go back to my country although I am in a foreign country I feel safer than my homeland...Why can't I practice my religion, study Arabic, and Islam and get good education( science, math,English and etc.) in Tajikistan, my own country!? The educational system is also terrible, my mates don't study and get any knowledge!!! Why am I scared to visit even my grandparents!? I understand the pain my mates are having... For how long are we gonna bear Even while I am writing this I am frightened of writing my identity because if I will my parents will get in a lot of trouble just like this boy... Why can Greta Tumberg deliver speech without worrying for her parents sent to prison because of it?!
Bar hukumati mo ofarin ki kori xair anjom dod.
Чу дасти рус мадад намуд, Точ,икора депортация намуд.