Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи аввали нозирони аврупоӣ вориди Украина шуд


Рӯзи ҷумъа гурӯҳи аввали нозирони Иттиҳодияи Аврупо барои назорати транзити гази Русия тавассути Украина вориди Киев шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Чех, садри даврии Иттиҳодияи Аврупо ахиран изҳор намуд, ки ҳайати як комиссиюни байналмилалӣ оид ба назорати интиқоли гази Русия аз тариқи Украина ҳамоҳанг шудааст. Ба комиссиюн намояндагони ширкати “Газпром” низ шомиланд. Жозе Мануэл Баррозо, Раиси Комиссиюни Аврупо ба хабаргузориҳо гуфт, ки Киев ба вуруди намояндагони Русия ба ин комиссиюн мухолиф нест: “ Бегаҳи дирӯз (панҷшанбе) ман бо раисиҷумҳури Украина Юшенко сӯҳбат доштам ва ӯ маро мутмаин кард, ки бо ҳузури намояндагони “Газпром” дар ҳайати нозирони Иттиҳодияи Аврупо мувофиқ аст. Ман мутмаинам, ки ин воқеъан ҳам қадами бузург ба пеш аст ва умедворам, интиқоли газ аз Русия ба Иттиҳодияи Аврупо тавассути Украина ба таври имкон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат аз сар гирифта мешавад”.

Дар навбати худ, раиси “Газпром” Алексей Миллер изҳор намуд, ки ширкат ба аъзои комиссиюни байналмилалӣ барои вуруд ба бунгоҳҳои худ дар марзи Украина иҷоза хоҳад дод. Ёдовар мешавем, айни ҳол бар асари идомаи моҷарои газ миёни Маскав ва Киев тақрибан даҳ кишвари аврупоӣ аз истифодаи гази Русия маҳрум мондаанд.

XS
SM
MD
LG