Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардабири нашрияи “Алмаато Инфо” боздошт шуд


Додгоҳи шаҳри Тирози Қазоқистон дар бораи боздошти хабарнигор Рамазон Есергепов амр содир кард. Есергепов, сардабири рӯзномаи “Алмаато Инфо” рӯзи сешанбе дар яке аз бемористонҳои шаҳр дастгир ва ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шуд. Хабарнигор ба нишони эътироз гуруснанишинӣ эълон кардааст. Рамазон Есергепов дар фош кардани сирри давлатӣ муттаҳам мешавад - моҳи ноябри соли гузашта рӯзномаи “Алмаато Инфо” дар бораи фаъолияти раёсати Кумитаи амнияти давлатӣ дар минтақаи Тироз матлабе нашр карда буд. Баъд аз чопи ин матлаб алайҳи Рамазон Есергепов парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

XS
SM
MD
LG