Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ҳамла болои Ғаззаро идома дод


Бо вуҷуди аз сӯи Шӯрои амнияти СММ пазируфта шудани қатънома дар бораи оташбаси фаврӣ, ҳавопаймоҳои низомии Исроил ҳамла ба навори Ғаззаро идома доданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, онҳо аз фазо ба Ғазза дасти кам 50 зарба заданд, ки бар асари он шаш фаластинӣ кушта шуданд.

Шаби гузашта Шӯрои амнияти СММ қатънома дар бораи оташбаси фаврӣ дар навори Ғаззаро пазируфт. Аз ин санад 14 узви Шӯрои амният пуштибонӣ карданд, ИМА аз райъдиҳӣ худдорӣ намуд. Дар қатънома, аз ҷумла, даъват шудааст, ки баъди оташбас нерӯҳои исроилӣ аз Ғазза берун карда ва интиқоли кумаки башарӣ ба мардуми Фаластин таъмин шавад. Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ дар бораи қабули қатънома гуфт: “Ду ҳафтаи ахир ҳама олам бо таассуфу даҳшат ба афзоиши хушунат ва азияти мардуми Ғаза ва ҷануби Исроил назззора карда умедвор аст, ки СММ ба қатъи амалиёти ҷангӣ муваффақ мешавад. Ман ба татбиқи қатъномаи Шӯро, ки ҳадафаш аз байн бурдани ин вазъи фоҷиабор аст, итминон дорам”.

Тайи 14 рӯзи амалиёти низомӣ миёни Исроил ва гурӯҳи ҲАМОС беш аз 750 фаластинӣ ва дасти кам 13 исроилӣ ба ҳалокат расиданд. Рӯзи панҷшанбе, баъди бар асари амалиёти низомиёни исроилӣ кушта шудани ронандаи мошин бо кумаки башарӣ, СММ интиқоли маводи озуқа ба навори Ғаззаро мутаваққиф кард.

XS
SM
MD
LG